Масҷиди ҷомеи Тошканд, акс аз бойгонӣ

Шайх Абдулазиз Мансур ба ҷойи Анварқорӣ Турсунов таъин шуд

83
Пештар мақоми иҷрокунандаи вазифаи имомхатиби Тошкандро муовини имомихатиби пойтахт Эргаш Рустамов ва мудири шӯъбаи масҷидҳои Раёсати мусалмонони Узбакистон Раҳимбердӣ Раҳмонов иҷро мекард

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Шайх Абдулазиз Мансур имомхатиби Масҷиди ҷомеи Тошканд таъин шуд, хабар медиҳад UzNews.

Пештар муваққатан мақоми иҷрокунандаи вазифаи имомхатиби Тошкандро муовини имомихатиби пойтахт Эргаш Рустамов ва мудири шӯъбаи масҷидҳои Раёсати мусалмонони Узбакистон Раҳимбердӣ Раҳмонов иҷро мекард.

Ёдрас мешавем, чанде пеш хабар дода шуд, ки яке аз рӯҳониёни машҳур ва бонуфузи Тошканд Турсунов Анаварқорӣ  вафот кард.

Гуфта мешуд, имомхатиб моҳи апрел ба сактаи мағзӣ гирифтор шуд ва дар бемористон бистарӣ гашт. Анварқорӣ Турсунов пас аз чанд ҷарроҳӣ 13 июн даргузашт.

83
Барчаспҳо:
имомхатибон, масҷид, Тоҷикистон