Кафши кӯдакона

Модари ҷавон мехост худро кушад, вале кӯдаконаш фавтиданд...

242
(Таҷдидшуда 17:19 27.06.2018)
Дар пайи фоҷиае, ки дар вилояти Андиҷони Узбакистон рух дод, зан зинда монд, вале ду кӯдаки хурдсолаш фавтиданд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Зане дар вилояти Андиҷони Узбакистон худ ва ду кӯдакашро бо арғамчин баста, ба дарё партофт, хабар медиҳанд расонаҳои Узбакитон.

Қайд карда мешавад, ки дар натиҷа зан зинда мондааст, вале ду кӯдакаш фавтидаанд.

Фоҷиа субҳи 25 июн рух дод. Зани 27-сола ду кӯдаки 3 ва 7-солаашро бо ресмон ба худ баста, ба  канали "Шаҳрихонсой" партофтааст.

Шоҳидони ҳодиса ӯ ва кӯдаконро аз об берун карданд. Вале маълум шудааст, ки ду кӯдак фавтидаанд ва модар зинда мондааст.

242
Барчаспҳо:
модар, фарзанд, куштор, Андиҷон, Узбакистон