Милиса дар Узбакистон, акс аз бойгон

Муфаттише, ки занро зӯран бараҳна карда буд, сабукдӯш шуд

323
Муфаттиши узбакистонӣ занеро, ки ба дуздӣ мутттаҳам мешуд, дашном дода, маҷбур кард, ки либосҳои худро кашад

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Корманди Вазорати умури дохила дар Узбакистонро занеро ба иттиҳоми дуздӣ дастгир карда, зӯран бараҳна мекунад ва ӯро ба навор мегирад.

Муфаттиши шӯъбаи кофтукоби ҷиноии шаҳри Каттақӯрғони вилояти Самарқанд занро дашном дода, ӯро ба дуздӣ дар бозори "Деҳқон" муттаҳам мекунад.

Бо вуҷуди бараҳна кардани зан, маълум гаштааст, ки ӯ бо худ пул надорад ва муфаттиш натавонистааст иттиҳомоташро исбот кунад.

Тавре Вазорати умури дохилаи Узбакистон хабар медиҳад, муфаттиш Санат Умаров дар поймол кардани шаъну  шарафи шаҳрванд муттаҳам мешавад.

"Айни замон, Санат Умаровро аз мақом сабукдӯш кардаанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Додситонии вилояти Самарқанд нисбати Умаров парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

323
Барчаспҳо:
дуздӣ, боздошт, бараҳна, зан, муфаттиш, Узбакистон