Дар Узбакистон мансабдоронро иҷборан бемузд кор мефармоянд

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПередача портфеля из рук в руки
Передача портфеля из рук в руки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Узбакистон масъулинро барои дахолат ба фаъолияти соҳибкорон зиндон мекунанд ё иҷборан бемузд кор мекунонанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Узбакистон қонуни наверо ба тавсиб расонид, ки мувофиқи он барои масъулине, ки ба фаъолияти соҳибкорон дахолат мекунанд, ҷавобгарӣ сангинтар мешавад. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон хабар медиҳанд.

Ҳуҷҷат ба моддаҳои кодеки ҷиноӣ ва маъмурии кишвар тағйирот ворид мекунад. Дар ҳолати нақзи қонун ба масъулин пеш аз ҳама ҷарима таҳдид мекунад, аммо бо ҷарима онҳо халос намешаванд.

Мувофиқи қонуни нав, метавонанд онҳоро ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб кунанд ё ҳабс кунанд.

Ба гуфтаи аъзои Кумитаи қонунгузорӣ ва додгоҳиву ҳуқуқии Узбакистон Шӯҳрат Мамадҷонов, дар 5 моҳи соли 2018 нисбати фаъолияти соҳибкорон 8 872 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Агар мансабдорони узбак ба дархостҳои вакилон посух нагӯянд, онҳоро ҷарима интизор аст.

"Тавре санҷишҳо нишон доданд, то ҳол бюрократия монеаи фаъолияти тоҷирон аст. Масъулин ба ҷойи дастгирии лозима, ҳадафҳои худхоҳонаашонро пайгирӣ мекунанд", — таъкид мекунад вай.

Пештар аз Кумитаи давлатии андози Узбакистон 1245 кормандро пеш карданд.

 Кумита дар рафти тафтишоти вижа дақиқ кардааст, ки дар ҳақиқат бархе аз кормандонаш дар фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ халалдор мешуданд.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати дучор шудан ба муносибати ғайриқонунии кормандони андоз фаврӣ ба телефони боварии ниҳод хабар диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0