Мард дар назди бодкаш, акс аз бойгонӣ

Дар Узбакистон ба мардум ройгон бодкаш ва кондитсионер тақсим карданд

202
(Таҷдидшуда 19:08 17.07.2018)
Бино бар иттилои обуҳавошиносони кишвар, дар Узбакистон дар моҳи июл назар ба солҳои пешин ҳаво 5-7 дараҷа гармтар омадааст

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбакистон аз сокинон дархост кардааст, ки  бе зарурат ба кӯча набароянд ва кори ҷисмониро камтар кунанд: ҳаво дар кишвар бениҳоят гарм аст.

Бино бар иттилои Кумитаи обуҳавошиносии кишвар, моҳи июли имсол назар ба солҳои ахир 5-7 дараҷа гармтар омадааст.

Рӯзона ҳаво дар Тошканд аз 40 то 43 дараҷа гарм мешавад ва дар ҷануби кишвар то 45 дараҷа гармӣ мушоҳида шудааст.

Пешбинӣ карда мешавад, ки аз 19 то 23 июн дараҷаи ҳарорат дар кишвар поён намешавад.

"Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, бештар об нӯшанд ва бе зарурат ба кӯча набароянд", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Бино бар иттилои вебгоҳи Podrobno.uz, масъулин дар вилоятҳо ба эҳтиёҷмандон ройгон бодкаш ва кондитсионер тақсим мекунанд. Ҳамчунин, ширкати "Ташгортранссервис" хабар додааст, ки дар автобусҳои Тошканд ба мусофирон ройгон об тақсим мекунанд.

202
Барчаспҳо:
кондитсионер, бодкаш, ҳавои гарм, КҲФ, Узбакистон