Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото

Раҳмон ба Мирзиёев занг зада, зодрӯзашро табрик гуфт

252
(Таҷдидшуда 20:14 24.07.2018)
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Узбакистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳамаи ҷабҳаҳо мавриди муҳокима қарор доданд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Раҳмон  дар рафти сӯҳбати телефонӣ, зодрӯзи Мирзиёевро самимона муборакбод гуфт.

"Дар идомаи сӯҳбат кишвардор таманниёти беҳтарини худро ба ҳамтои худ иброз намуда, дастовардҳои Ӯзбекистонро  дар арсаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев ва талошҳои пайвастаи ӯро ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондану тавсеа бахшидан ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахш миёни кишварҳои минтақа таъкид кард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Узбакистон  ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳамаи ҷабҳаҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин замина президентҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири пешбурди муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар изҳори ақида намуданд.

Ёдрас мешавем, имрӯз Шавкат Мирзиёев 61-сола шуд.

252
Барчаспҳо:
табрикот, Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Узбакистон, Тоҷикистон
Члены движения Талибан (запрещено в РФ), Афганистан. Архивное фото

Сарҳади "гарм" - и Тоҷикистон: оё мешавад ба сулҳи Афғонистон эътимод кард

237
(Таҷдидшуда 19:13 10.08.2020)
Роҳи Афғонистон таҳти ҳуҷуми гурӯҳҳои терористӣ ба сӯи сулҳ бидуни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, яксон нахоҳад буд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik, Александр Хроленко. Сулҳи Афғонистон метавонад сабаби муноқишаҳои нави мусаллаҳона гардад ва ба амнияти кишварҳои минтақа таҳдид кунад.

Оштӣ бо Толибон танҳо дар сухан

Воқеъияти Афғонистон ба пуррагӣ бо созишномаи сулҳ тавъам нест. Дар давоми панҷ моҳ пас аз имзои созишнома бо ИМА, "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) натавонист бо Кобул дар бораи оташбас ба мувофиқа расад. Ҷангҷӯён кӯшиш доранд бо ҳуҷум ба низомиёни давлатӣ минтақаҳои навро таҳти идораи худ қарор диҳанд. Дар авоили моҳи август 37 корманди мақомоти қудратӣ, 61 ҷангҷӯй ва 43 ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар паи таркиши рӯзи 5 август дар музофоти шимолии Бағлон 12 кас ҷон бохт. Рӯзе пас "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ду мошини бензинкашро сӯзониданд, ҳафт мошини дигарро аз худ карданд ва сӯзишвориро дар Пули Хумрӣ ба қиммати як литр 20 афғон фурӯхтанд. Барои ин тиҷорат муноқиша бо қувваҳои амниятии Афӯонистон низ садди роҳ нашуд.

Ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) низ нафаси тоза гирифтанд. Дар паи ҳуҷум ба зиндон дар Ҷалолобод 2 август 29 кас ҷон бохт (аз ҷумла 10 терорист), 800 маҳбус аз қабили ҷангҷӯёни ДИ ва Толибон фирор карданд.

Қадамҳо ба сӯи сулҳ эҳсоснашавандаанд. Мубодилаи зиндониён миёни "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ва қудратиҳои Афғонистон қариб ба итмом расид.

Шумораи умумии намояндагони қувваҳои мусаллаҳ, ки ба озодӣ баромаданд ба 1 005 кас расид.  4 750 ҷангҷӯй аз зиндон баромад. Толибони озодшуда ӯҳдадор шуданд, ки ба амалҳои террористӣ барнамегарданд, вале аксари онҳо ба ваъдаашон вафо накарданд ва боз силоҳ ба даст гирифтанд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз озод кардани 400 модарони террористон худдорӣ кард ва пешниҳод намуд, ки ин масъаларо бо мардум матраҳ кунад. Вале  "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) рӯзи 5 август зидди баррасии мавзӯъ дар Ҷирга (Маҷлиси намояндагони мардумӣ), ки гӯё барои намояндагӣ аз мардуми Афғонистон сатҳи ҳуқуқиро надорад, баромад.

Ҳамин тавр, "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) худро аз Конститутсия ва Кодекси ҷиноии кишвар болотар меҳисобанд.

Сарҳади "гарм" - и шимол

Вазъият дар шимоли Афғонистон ноором аст. Марзи Тоҷикистону Афғонистон, музофоти шимолии Балх, авохири моҳи июл макони муқобилияти қувваҳои "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ва низомиёни Афғонистон буд, аз нооромтарин нуқтаи кишвар шуд.

Дар ин росто дар Душанбе аз муташанниҷ шудани вазъият дар марз ишора мешавад. Президент Эмомалӣ Рахмон супориш дод, то марзи Тоҷикистон дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳким бахшида шавад. 
Тоҷикистон доим бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмиллалӣ масъалаи амнияти минтақавиро баррасӣ мекунад.

Мантиқи кор ин аст, ки дар сурати пирӯзии "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон), ба ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ метавонанд хайри хуш гӯянд - мувофиқи шартҳои созишнома бо ИМА. Бозгашти садҳо ҷангҷӯён метавонад вазъияти Тоҷикистону Ӯзбекистонро муташанниҷ гардонад. Чунин пешомадро танҳо дастҷамъона бо кумаки СПАД ва Русия мешавад пешгирӣ кард. Баъд чӣ мешавад?

Бояд дар хотир дошт, ки  "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) аз аввал тарҳи Покистон буд, ки метавонад дар ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя "Баҳори Осиёимарказӣ" - ро роҳандоӣ намояд. Ҷангҷӯёни "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) — барои бозигарони хориҷӣ асбоби қулайи ҷангӣ ва нобудкунӣ мебошад.

Қонунигардонии байналмилалии ин даста хеле хавфнок аст.

Ҳатто тасдиқи ИМА барои ба қудрат омадани "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя манбаъи хавфи ҳамешагии қочоқи маводи мухаддир ва терроризм мебошад.

"Толибикунонии" Афғонистон барои аҳолии 32-миллионаи Афғонистон маънои манъи омӯзишу фарҳанги ғайридиннӣ, телевизион, кинотетар, баста шудани мактотиби олӣ ва донишгоҳҳо, ҷудокунии занон аз ҷамъият, ба таври васеъ ҷорӣ кардани қатли ом барои хурдтарин иштибоҳро дорад (чунин низом соли 1996 замони дар қудрат будани толибон дар Афғонистон буд).

Ҷойи бадӣ

Далелан  "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ба пирӯзии худ боварӣ дорад ва омодаанд, ҳукумати Афғонистонро пурра нест кунанд. Раҳбари  "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) Мавлавӣ Ҳибатулло Охунзода ҳафтаи гузашта изҳор дошт: "Ҷиҳоди мо аз аввал барои хотима бахшидан ба ишғол ва созмони ҳукумати тозаи исломӣ дар Афғонистон равона шуда буд".

Барои ҳамин ИМА ва созмонҳои байналмилалӣ бояд "созмони мушкилоти дигарро баст кунанд".

Изҳороти боҷуръат. Вале агар ба мушкилот рост нигоҳ кунӣ, таҳти қудрати толибон имрӯз 15 млн аҳолӣ, нисфи мардуми Афғонистон қарор доранд. Вақте ҳамин одамон субҳидам аз хона мебароянд, онҳо намедонанд оё зинда бозмегарданд ё не. Тибқи гузориши СММ оид ба ҷинояткорӣ ва маводи мухаддир, истеҳсоли афюн дар кишвар дар соли 2017 то 87% афзуда, 9 000 тоннаро ташкил дод, дар давоми ҳузури ИМА бошад дар кишвар истеҳсоли маводи мухаддир то 40 дарсад боло рафта ҳаҷми умумии қочоқ то 3 млрд доллар арзёбӣ мешавад.

Ва умуман чӣ гуна мешавад бо толибон бидуни қабули нақшаҳо ва тарҳҳои "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон), агар онҳо бошанд, ба сулҳ расид? Пештар дар мусоҳиба бо Sputnik муовини аввали раиси сенати Афғонистон Муҳаммад Алам Эзидёр изҳор дошт: "Барои мардуми афғон муҳим аст дарк кардани ин ки толибон дар Афғонистон - гурӯҳи террористӣ аст. Ва мо дастгирии толибонро аз ҷониби ҳар кишвар қабул надорем... Мо миёни "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ва Давлати Исломӣ""  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ҳеҷ фарқиятеро намебинем". 

Сиёсатмадори бонуфуз ва собиқадори ҳаракати "муҷодиҳон" Эзидёр ҳамчунин қайд кард, ки ҳар гуна дастгирии  "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) барои муташанниҷ гардонидани авзоъи кишварҳои Осиёи Марказӣ манбаъе хоҳад шуд.

Комилан арзёбии солим. Дар Афғонистон чизе дигаргун нашудааст, ғайр аз нақшаҳои амрикоиҳо. 

Чанде пеш ИМА дар Афғонистон боз панҷ пойгоҳи худро дар музофотҳои Ҳилманд, Урузган, Пактика ва Лагман баст. Шумораи қувваҳои мусаллаҳи амрикоиҳо ба наздикӣ то 4 ҳазор кас ва то соли 2021 ба сифр баробар хоҳад шуд.

Акнун Дастгоҳи президенти ИМА Доналд Трамп ба гуфти котиби давлатии Амрико Майк Пампео барои ба эътидол даровардани вазъ ба дастгирии Кремл ниёз дорад. 

Русия пай дар пай сиёсати барқароркунинии Афғонистонро чун кишвари ором, соҳибихтиёр, рушдкунанда ва озод аз терроризм роҳандозӣ мекунад. 

Монеъи Русия ва дигар кишварҳои СПАД барои роҳандозии ин сиёсат ҳамон толибонанд. 

Ҳатто раҳбари ВКХ Афғонистон Ҳаниф Атмар дирӯз чунин изҳор дошт: "Дар бораи сулҳ бояд аз аввал фикр кардан лозим буд. Мо натавонистем ба онҳо интихоби хубе пешниҳод кунем ва маҷбур кардем, ки онҳо хоки Афғонистонро тарк кунанд. Ин сиёсати бад буд". Эҳтимолан Ҳаниф Атмар қасд дорад ба ҳукумати "тоза" пайвандад.

Дар баробари ин даъваои СПАД нисбати "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ҳеҷ куҷо нашудааст. Ҷунбиш хушунати мусаллаҳона алайҳи ҳукумати қонуниро эътироф мекунад ва симбиозро бо Ал-Қоида (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) гум намекунад, қочоқи маводи мухаддирро истисмор мекунад ва ин танҳо оғози кор аст.

237
Барчаспҳо:
сарҳад, Тоҷикистон, сулҳ, Афғонистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Наздики 100 ҳазор кас дар Қазоқистон мубталои COVID - 19 шуданд

134
(Таҷдидшуда 19:36 09.08.2020)
Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Теъдоди беморони коронавируси навъи COVID - 19 дар Қазоқистон наздики 100 ҳазор нафар шуд, хабар медиҳад Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон.

Бино ба гузориши расмии ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст.

"Дар кишвар 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст - аз ин ҳисоб 444 ҳолат бо нишонаҳо ва 428 кас бе нишона қайд шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр то нисфирӯзии 9 август, шумораи умумии маризони коронавирус то 98,7 ҳазор кас расид.

Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

Тибқи иттилои манбаъ, пизишкон дар давоми ҳамагирии коронавирус тавонистанд беш аз 72 ҳазор касро табобат кунанд. 

Аз фардо дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ бардошта мешавад

Дар баробари ин аз аввали моҳи август дар кишвар 12 110 ҳолат сабт шудааст, ки нишонаҳояш ба бемории коронавирус монанд аст.

134
Барчаспҳо:
беморон, вируси нав, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тонущий человек, архивное фото

Дар Лахш дучархарони 14 - сола ба рӯди Қизилсӯ сарозер шуд

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дучархарони 14 - сола дар Лахш ба дарёи Қизилсӯ сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 10 - уми август, тахминан соати 13:00 дақиқа рух додааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сокини 14-солаи деҳаи Қарасойи ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш  бо дучарха дар поёнии деҳаи Қарасой ба дарёи Қизилсӯ сарозер шудааст.

Яке худкушӣ карду дигаре аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд: фавти бону дар Язгулому ҷавон дар Рашт

Гуфта мешавад, аз сабабе, ки дар гирду атрофи ӯ касе қарор надошт, аз ин рӯ ӯ ғарқи об шуда ҷон бохт.

Зимнан, наҷотбахшон ҷасади ӯро аз мавзеъи "Мирзоқиштов" ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш пайдо карданд ва ба волидонаш супурданд.

Кумитаи таъйид намудааст, ки ҷавон аз беэҳтиётӣ ғарқи дарё шуд.

0
Барчаспҳо:
ғарқ, дарё, дучархарон, Лахш