Раисҷумҳур муовинеро, ки кишоварзонро ба канал андохта буд, барканор кард

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоле, ки раисҷумҳури Узбакистон бо судури ҳукме муовини нахуствазири ин кишварро ба сабаби “камкорӣ” аз кор барканор кард, расонаҳо далели барканории вайро чизи дигаре медонанд.

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои "Парс тудэй", Шавкат Мирзиёев дар ҳукме Зойир Мирзоевро ба далели он чи “камкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва манобеи об” хонда шудааст, аз кор барканор кард.

Ҳамчунин Мирзиёев ба додситони кулли Узбакистон дастур дод то мавориди нақзи қонун дар заминаи кишоварзиро баррасӣ кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи расонаҳо Зойир Мирзоев ба далели бадрафторӣ бо кишоварзон ва танбеҳи аҷиби онҳо аз кор барканор шудааст.

Мирзоев кишоварзони як мазрааи пахтаро ба хотири заъф дар обёрии замин маҷбур кардааст, ки соатҳо дар як канали пур аз об бимонанд.

Аксҳо нишон медиҳад, ки муовини нахуствазири Узбакистон ҳангоми танбеҳи кишоварзон болои сари онҳо истода буд ва онҳоро таҳқир мекард.

Муовини фармондори Тошканд, ки ин мазрааи пахта дар он ҷо воқеъ шудааст, низ аз кор барканор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0