Кадр из клипа Зере Асылбек Кыз

Синаро сипар карданд: чаро занон дар Осиёи Марказӣ бараҳнагиро нишони озодӣ медонанд?

1579
(Таҷдидшуда 12:09 06.11.2018)
Чаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ заноне пайдо шуданд, ки тани урёнро нишони озодӣ медонанд? Овозхоне дар Қирғизистон бо тани урён суруд мехонаду рассоме дар Тоҷикистон акси маҳрамонаи занро мекашад. Ин амали занони озодихоҳ вокуниши шидиди ҷомеаро дар пай овардааст. Аммо "гунаҳкорон" ин тасмимашонро "барои озодии занон" унвон кардаанд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар ҷомеаи Қирғизистон як намоҳанги овозхони ҷавон Зере Асилбек ҷанҷоли калонеро ба миён овардааст. Овозхон дар он бо тани нимурён суруд мехонад.

Новобаста аз вокуниши шадиди мардон, заноне пайдо шуданд, ки бо нишони дастгирӣ аз ин амали овозхон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои нимурёни худро мунташир мекунанд. Аммо мардони маҳаллӣ ин амали онҳоро маҳкум мекунанд.

Тавре РИА Новости менависад, акнун ба зани ҷавон хатар таҳдид мекунад.

"Маҷбур бараҳна мешавем"

“Кай бошад, ки ба мо фармон доданро бас кунанд: ин хел кун, ин хел накун, нагӯянд! Чаро ман чунон бошам, ки дигарон мехоҳанд?” – месарояд Зере Асилбек.

Дар намоҳанги таронаи “Қиз” (“Духтар”) овозхон худро озод ҳис мекунад: лабони сурх, таҳпӯшҳои турӣ ва пиҷак ба бар кардааст. Дар навор дигар духтарон низ пайдо мешаванд. Яке ҳиҷоб дорад ва пироҳани миллии қирғизиро ба бар кардааст, дигаре нимурён аст.

Намоҳанги овозхони ҷавон вокуниши шадиди ҷомеаи Қирғизистонро ба бор овард.

“Ҳар як духтар бояд тарзи зиндагиашро худаш интихоб кунад”, “ту водор мекунӣ, ки мардум роҳҳои мубориза бо зӯроварӣ ва фишор ба занонро ҷӯянд”, - менависанд зери намоҳанги Зере корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.

Занони зиёде бо нишони ҳамрайъӣ бо овозхон аксҳои нимурёни худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд. Дар ҷомеаи падаршоҳӣ “барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ маҷбур мешавӣ, ки урён шавӣ”, менависанд онҳо.

Тавре ба РИА Новости худи Зере гуфтааст, ӯ қасдан ин намоҳангро сохтааст.  Яке аз далелҳои пайдо шудани намоҳанги мазкур ҷой доштани мушкилии духтаррабоӣ дар ҷомеаи Қирғизистон будааст. Бино бар иттилои СММ аз чор як зани қирғиз камаш як маротиба шиканҷа шудааст, аз панҷ як нафарро дуздидаанд. Дар ҷомеаи Қирғизистон ҳолатҳое мешаванд, ки духтаронро мардони тамоман бегона медузданд. Гоҳо арӯсрабоӣ барои ба ҷо овардани анъана баргузор мешавад, яъне бо розигии волидони арӯс, аммо дар бисёр маврид ҷабрдидаҳо лаб мегазанд.  Панҷ сол пеш мақомоти қишвар барои духтардуздӣ ҷазои сангин пешбинӣ карда буд, аммо ин иқдоми ҳукумати кишвар роҳи духдардуздонро то ҳол гирифта натавонистааст.

Муҳаббати рабуда

Ба гуфтаи Зере, ӯро тақдири як духтари қирғиз бо номи Бурулой сахт нигарон кард. Духтар 19 сол доштааст ва дар коллеҷи тиббии Бишкек таҳсил мекардааст. Онҳо бо ҷавоне аҳду паймон карда, бо розигии волидон рӯзи тӯяшонро низ таъин карда буданд. Аммо ду моҳ пеш аз тӯй Бурулойро рабуданд. Марс Бодошев ном ҷавони 30-солае пештар низ кӯшиши дуздидани духтарро мекардааст, аммо волидонаш садди роҳи мард мешудаанд. Аммо волидон ин дафъа ба мошине, ки духтарро мебурданд, расида наметавонанд.

Пулис мошинро медорад ва онҳоро ба шӯъба мебарад. Бурулай дар ин вақт ба волидонаш занг зада, хабар медиҳад, ки аҳволаш хуб аст. Ҳамин вақт Марс ба қафаси сина ва шиками духтар корд мезанад. Ҷавон ҳатто дар бадани духтар "Н+Б=Х" менависад. Ба "Б" номи духтар ва ба "Н" номи дӯстдоштааст оғоз мешудааст.

 

“Дар кишвари мо чунин воқеаҳо зиёданд. Ман ба хулосае омадам, ки бояд коре кард”, - мегӯяд Зере.

Мардони қирғиз қиёфаи ҷанҷолии сарояндаро зери танқиди шадид гирифтанд. Ба ӯ номаҳои пур аз таҳдид мерасиданд.

“Баъзеҳо дар номаҳои худ тасвир мекунанд, ки бо ман чи корҳо кардан мехоҳанд. Ё таҳдид мекунанд, ки маро мекушанд”, - мегӯяд вай. Зере ба полус муроҷиат кардааст.

Ӯро мехоҳанд бо ҳар роҳ танқид кунанд: на танҳо суруд ва ҳунари ӯро баррасӣ мекнунанд, балки намуди зоҳирии вайро зери тозиёна қарор медиҳанд. Собиқ сарвазири кишвар, Феликс Кулов гуфтааст, “агар бадани Зере зебо мебуд, ин навор ҳоло гирди забони сокинон намегашт”.

Новобаста аз ин ҷанҷолҳо, овозхони ҷавон аз тасмими гирифтааш даст намекашад ва мақсад дорад барои озодии занон мубориза барад.

Соли гузашта низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори ҷанҷолбарангези духтари қирғиз пайдо шуда буд.  Дар он Сайкал Жумалиева дар нақши арӯси деҳотӣ ва дар даст ҷорӯб рақс мекард.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Сайкал Жумалиева (@saiqal_)

Боре духтари Алмосбек Атамбаев, собиқ раисҷумҳури Қирғизистон, Алия Шагиева акси худро, ки дар он тифлашро сина медод, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дод. Духтари раисҷумҳур бори аввал набуд, ки бо мақсади дифои ҳуқуқҳои занон аксҳои ҷанҷолбарангезро мунташир мекард.

“Синаи зан узви беҳаёгӣ ё беодобонае нест. Мардум фаромӯш карданд, ки синаи зан баҳри чӣ офарида шудааст. Онро барои тамошои мардон мепиндоранд”, - навишта буд духтари президент.   Аммо духтари раисҷумҳур низ пас аз чанде ин аксро аз шабакаҳои иҷтимоӣ бардошт.

Чунин мушкилиҳо дар Узбакистон низ ҳастанд. Ду сол пеш мардуми узбак баъди тамошои навори овозхон Тамила Раҳматова ҳангомае барпо карда буданд. Дар он навор зан дар посух ба суоли ноҷои марде шимашро мекашид.

Мақомоти Узбакистон, низ ин амали ӯро танқид карда, аз саҳна ронданд. Иҷозатномаи фаъолияти сарояндагиашро кашида гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарояндаро сиёҳ мекарданд. Дар натиҷа, Тамила саҳифаҳои иҷтимоиашро нобуд ва Узбакистонро тарк кард.

Ҷанҷол барои намоиши тани урён дар Тоҷикистон низ сар задааст. Чанд моҳ пеш рассоми ҷавон Маърифат Давлатова барои кашидани аксҳои занони нимурён зери тозиёнаи танқиди бархе аз афроди ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Баъзеҳо эҷодҳои ӯро таҳқир нисбати муққадасоти динӣ ва миллӣ мешуморанд, баъзеҳо ба ҳунари вай баҳои баланд медиҳанд ва ӯро рассоми ҷасур меноманд. Худи рассом гуфтааст, ки ба ӯ даҳҳо номаҳои пур аз таҳидид равон кардаанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша бо урфу одати ба худашон хос фарқ мекарданд. Ҳоло дар ин кишварҳо низ афроде пайдо мешаванд, ки "ба ноадолатиҳо нисбати занон эътироз мекунанд". Ҳам занони урёни "исёнгар" ва ҳам ҷониби мухолиф бар онанд, ки занро бояд ҳифз кард. Яке бар он аст, ки бо либос метавон занонро муҳофизат кард ва дигаре чун нишони эътироз ва "барои озодӣ" урён мешавад.

1579
Барчаспҳо:
урён, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Осиёи Марказӣ
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Мақомоти Ӯзбекистон боз қарантина эълон кард: маҳдудиятҳо шадидтар шуданд

867
(Таҷдидшуда 02:30 10.07.2020)
Аз 10-уми июл тамоми қаламрави Ӯзбекистон ба минтақаи “сурх” шомил ва ҳаракати нақлиёт дубора ба таври оммавӣ мамнӯъ эълон шуд

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Шоҳрух Ғиёсов,  сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон қайд кардааст, ки дар рӯзҳои қарантин фақат фаъолияти мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо мутаваққиф сохта намешавад. Ҳамаи нуқтаҳои хӯрокворӣ, ки қаблан иҷозаи фаъолият дода шуда буд, танҳо мувофиқи фармоиш кор мекунанд ва хӯроквориро барои супоришдиҳандагон ба манзилашон мерасонанд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

“Агар то ҷорӣ шудани қоидаи нави қарантин миёни шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд равуо бидуни монеа сурат мегирифт ва одамон метавонистанд худро ба ҷои корашон расонанд, акнун дар равуои озоди онҳо низ маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд”, – гуфтааст  Шоҳрух Ғиёсов.

Вай афзудааст, ки мошинҳои дорои иҷозанома метавонанд, дар шаҳри Тошканд ва соири ноҳияҳои он бидуни монеа ҳаракат кунанд.

Дар ҳамин ҳол Комиссияи махсуси ҳукуматии мубориза бо пахши коронавирус эълом дошт, ки дубора як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, мувофиқи қонунгузориҳо ниҳодҳо ва ташкилотҳои давлатӣ кормандони худро ба рухсатӣ мефиристанд ва қисмати боқимонда фаъолияти худро бар тариқи фосилавӣ идома медиҳанд.

Дар корхонаву муассисаҳо аз баргузор намудани ҷамъомадҳо ҷилавгирӣ мешавад ва чорабиниҳо аз тариқи видеоӣ баргузор мегарданд.

Ҳпмзамон Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни як ҷаласаи видеоӣ изҳор кард, ки кишвараш як давраи хеле мураккабу вазнинро паси сар мекунад. Вай аз роҳбарони тамоми идораҳо ва мардум даъват кард, ки ин санҷишро бо сарбаландӣ сипарӣ намоянд.

Бояд қайд кард, ки то санаи 9 июл дар Ӯзбекистон 42 нафар бар асари сирояти коронавирус вафот карданд.

867
Барчаспҳо:
мақомот, маҳдудият, мамнуъ, нақлиёт, ҳаракат, Ӯзбекистон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Дархости Мирзиёев: ба худдавоӣ аз коронавирус машғул нашавед, ки оқибати хуб надорад

543
(Таҷдидшуда 15:37 09.07.2020)
Шавкат Мирзиёев аз шаҳрвандони Ӯзбекистон даъват намуд, ки ба ҳаёти худ ва наздиконашон беаҳамият набошанд. Ӯ мегӯяд дар сурати пайдо шудани нахустин нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табибон муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як муроҷиати видео ба шаҳрвандони ин кишвар аз хусуси мубориза бурдан бо маризии коронавирус ҳарф зад.

"Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди идома ёфтани пандемияи коронавирус ҳастем. Мавҷи дуюми ин беморӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сар задааст, ки бисёр нигаронкунанда аст", - афзудааст Мирзиёев.

Ба гуфтаи вай, мутаассифона, ҳеҷ гуна "доруи сеҳрноке" вуҷуд надорад, ки барои зуд бартараф кардани пандемия кӯмак кунад.

Раисҷумҳур зикр намуд, ки Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Ӯ таъкид намуд, ки маҳз талоши пизишкон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, ки вазъи нисбатан мӯътадили эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дуои Мирзиёев дар ҳаққи Назарбоев: "дар ин айёми душвор ман бо шумоям"

Аммо кишвардори Ӯзбекистон аз бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир изҳори нигаронӣ кард.

Баргузор гардидани тӯю маъракаҳо, риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ва гашту гузор бидуни ниқобро, раисҷумҳур аз омилҳои асосии бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир арзёбӣ кард.

"Дар ҳафтаи аввали моҳи июл шумораи шахсони мубталои коронавирус 2167 нафар афзоиш ёфт. Аз он ҷумла, 1,267 (58%) ҳодиса дар байни аҳолӣ ошкор карда шудааст. Ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи карантин мебошад. Мутаассифона, шумораи фавтҳо низ афзоиш меёбад, ки ин ҳолат бояд ҳамаи моро нигарон кунад", - таъкид намуд президент.

Гузашта аз ин Мирзиёев ба бепарвогии шаҳрвандон нисбати ин маризӣ таъкид намуда, дархост кард ,ки ба худдавоӣ дар хона машғул нашаванд, чун оқибати ин кор ба хубӣ намеанҷомад.

"Бори дигар ба ҳамватанони мо муроҷиат мекунам: набояд ба ин бемории хатарноке, ки ҳаёти ҳазорон нафарро рабуд беэътиноӣ кунед. Агар нишонаи ночизе аз ин бемориро дар вуҷуди худ эҳсос намудед, пас фавран ба духтур муроҷиат кунед. Дар хона худмуолиҷаигӣ накунед, ки оқибати нохуб, ҳатто боиси марг шуда метавонад. Ба ҳаёти худ ва аъзои оилаатон бепарво набошед", - даъват намуд Шавкат Мирзиёев.
543
Барчаспҳо:
мардум, дархост, Шавкат Мирзоев
День 11 июля

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:26 10.07.2020)
Рӯзи ёздаҳуми июл Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ ва рӯзи байналмилалии шоколад мебошад. Дар ин рӯз дар Тоҷикистон, Султон Усмонов (1958) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба дунё омадааст

Рӯзи 11 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1700 дар Берлин Академияи илмҳои Германия таъсис дода шуд.

Соли 1890 аввалин маротиба дар таърихи Ҷопон интихоботи сиёсӣ баргузор гардид.

День 10 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Ссоли 1933 дар Женева Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати маводи мухаддир созмон дода шуд.

Соли 1950 дар Англия аввалин  барномаи машҳури кӯдаконаи телевизиони ББС «Andy Pandy» пахш шуд.

Соли 1982  Италия маротибаи сеюм Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Он дар даври финалӣ дастаи Германияро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Соли 2006 дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Мумбайи Ҳиндустон 190 нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ оид ба масъалаҳои минаҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, ҷиҳати ҷудо намудани 20 миллион доллар барои дастгирӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба имзо расид.

День 9 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2007 дар Душанбе мағозаи нахустини бренди “Адидас” кушода шуд.

Соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи омӯзишии фурӯзонакҳои каммасраф сохта шуд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени «Сеситорагии дараҷаи 1» бо занҷираи заррин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Валдис Затлерсро бо Ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1» сарфароз гардониданд.

Соли 2009 Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, зимни як амалиёти махсус оид ба безараргардонии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Тавилдара кушта шуд.

Соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2010-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Соли 2013 маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси тиббии судӣ ба фаъолият оғоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл

  • Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ.
  • Рӯзи байналмилалии шоколад.

Рӯзи 11 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 1920 — Юл Бриннер (соли даргузашт 1985), ҳунарманди амрикоӣ - зодаи Русия.

Соли 1934 - Джорджио Армани, мудели арманӣ, асосгузори ширкати Armani.

Соли 1976 — Эдгард Запашний, артист, ҳунарманди халқии Русия.

Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Борис Баршаковский (1916- 1987)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Валентина Бикова (1936) – Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Александр Денисов (1938) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Павел Евтеев (1914-1989)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Сироҷиддин Комилов (1950) – доктори илми иқтисод, профессор.

Александр Осипов (1906- 1986)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Пир Садиров (1911 – 1993) – Ҳофизи халқи Тоҷикистон.

Мақсуд Умаров (1954) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Султон Усмонов (1958) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Шери Дўст (1958)- шоир.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон