Портфель, архивное фото

Президент 3 вазир ва раиси Кумитаи давлатии захираҳои обиро таъин кард

1839
Раисҷумҳури Туркманистон дар маҷлиси васеи ҳукумат, ки ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2018 бахшида шуда буд, се вазири нав ва раиси кумитаи захираҳои обиро таъин кард

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов се вазири нави кишвар ва роҳбари кумитаи давлатии захираҳои обиро таъин кардааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Туркманистон хабар медиҳанд.

Фармонҳои президент дар маҷлиси васеи ҳукумат, ки ба ҷамъбасти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2018 бахшида шуда будааст, ба имзо расидаанд.

Президент Махдумқулӣ Байрамдурдиевро вазири хоҷагии қишлоқ ва ҳифзи муҳити зист, Тоҳирбердӣ Дурхановро вазри саноат ва коммуникатсия, Расул Раҷабовро вазири саноати бофандагӣ таъин кардааст. Аннакелди Язмуродов бошад раиси кумитаи давлатии захираҳои обӣ таъин шудааст.

Ёдрас мешавем, Вазорати хоҷагии қишлоқ ва ҳифзи муҳити зист ва Вазорати саноат ва коммуникатсия ниҳодҳои навтаъсис дар Туркманистон мебошанд.

Пештар, 21 январ кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар маҷлиси ҳукумат натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимои Тоҷикистонро дар соли 2018 ҷамъбаст кард.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Аъзои Ҳукумат аз ҷумла, вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шудаанд, инчунин, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

1839