Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков

Жээнбеков ба наздикони сокини кушташудаи Чоркӯҳ, Ҳусейн Ҳакимов изҳори ҳамдардӣ кард

2747
Ҳусейн Ҳакимов, сокини 43-солаи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бегоҳи 13-уми март дар пайи ҷанҷоли марзӣ бо қирғизҳо аз тири сокини Қирғизистон кушта шуд

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба хонавода ва наздикони шаҳрванди Тоҷикистон Ҳусейн Ҳакимов, ки дар пайи ҷанҷоли марзӣ кушта шуд, изҳори ҳамдардӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳури Қирғизистон дар рафти сӯҳбати телефонӣ бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кушта шудани Ҳакимов андӯҳгин буданашро изҳор доштааст.

Дафтари матбуотӣ менависад, ки дар ин сӯҳбат сарони кишварҳо вазъи феълии марзиро баррасӣ карданд.

"Президентҳо ҷиҳати додани супоришҳои дахлдор ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар хусуси тафтишоти ҳамаҷонибаи ин низоъ, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он ба мувофиқа расиданд", - афзудааст манбаъ.

Ҳусейн Ҳакимов, сокини 43-солаи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бегоҳи 13-уми март дар пайи ҷанҷоли марзӣ бо қирғизҳо аз тири сокини Қирғизистон кушта шуд.

2747