Следственный изолятор, архивное фото

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Қирғизистон боздошт карданд

1246
Шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бо дархости Интерпол дастгир шудааст

ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik.  Кормандони Хадамоти муқобила бо терроризм, ифротгароӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунии вобаста ба идораи полиси шаҳри Бишкек - пойтахти Қирғизистон, як шаҳрванди 45 солаи Тоҷикистонро бар асоси дархости полиси байналмилал боздошт кардаанд. Дар ин бора "Парс тудэй" иттилоъ медиҳад.

Ба гузориши хабаргузорӣ, ин фард ба иттиҳоми мушорикат дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар хориҷ, фаъолият барои гурӯҳҳои ифротӣ дар дохили Тоҷикистон аз сӯйи давлати ин кишвар дар феҳристи афроди таҳти пайгарди қазоии Полиси байналмилалӣ қарор дода шуда буд, ки ахиран дар пойтахти Қирғизистон шиносоӣ ва боздошт шуд.

Акнун ин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи пулиси шаҳри Бишкек -пойтахти Қирғизистон қарор дорад ва мақомоти полиси ин кишвар аз ҳамтоёни тоҷики худ дархост кардаанд, ки иттилооти бештаре аз фаъолиятҳои вайро дар ихтиёри онон қарор диҳанд то заминаи истирдоди ӯ ба кишвараш фароҳам гардад.

Мақомоти тоҷик ин хабаррро шарҳ надодаанд.

1246