Молоток судьи, архивное фото

Қирғизистон дар пайи таниши марзӣ 7 парвандаи ҷиноӣ боз кард

345
Мақомоти Қирғизистон пас аз моҷаро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 7 парвандаи ҷиноӣ боз карданд, ки бо мақомоти тоҷик якҷо тафтишот мебаранд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар Қирғизистон дар пайи таниши марзӣ бо Тоҷикистон 7 парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад ВУД Қирғизистон.

"Пас аз моҷаро 7 парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки тафтишоти онро гурӯҳи тафтишотии муштараки Тоҷикистону Қирғизистон анҷом медиҳанд", - афзудааст манбаъ.

Бино бар иттилои мақомоти қирғиз, парвандаҳо бо моддаи "Бетартибии оммавӣ", "Сӯиқасд ба куштор дар асоси ихтилофи нажодӣ, этникӣ, миллӣ, байниминтақавӣ ё динӣ", "Дуздӣ" ва "Авбошӣ" ифтитоҳ шудаанд.

Таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсии Оқсой - Тамдиқро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.

345