Фарзон Салимов, архивное фото

"Ба ман Худо фармуд": зиндагии Фарзон пас аз фоҷиа дар Кемерово

1143
Чигуна зиндагии зодаи Тоҷикистон Салимов Фарзон пас аз сӯхтор дар Кемерово дигаргун шуд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар солгарди фоҷиаи "Зимняя вишня" хабарнигори "РИА Новости" чанде аз ширкаткунандагони онро ҷустуҷӯ карда фаҳмидааст, ки чигуна пас аз ҳодиса зидагии онҳо дигаргун шудааст.

Сӯхтор дар сохтмони чорошёнаи "Зимняя вишня" 25 марти соли 2018 ба вуқӯъ пайваст. Сӯхтор дар ошёнаи чорум сар зада буд. Дар паи ин сӯхтор беш аз 60 кас, ки аксарияташонро кӯдакон ташкил медоданд, ҷон бохтанд. Дар натиҷаи бозрасии ин қазия 15 кас дастгир ва зиндонӣ шуданд.

Миёни маҳкумшудагон раҳбарияти сохтмон, посбон, раҳбарияти пешини КҲФ ва дигарон буданд.

Хобҳои ваҳшатнок медидам

Ба гуфти яке аз савдогарони мағоза Фарзон Салимов, пас аз сӯхтор ӯро чанд моҳ хобҳои ваҳшатнок, кӯдаконе, ки дар сӯхтор нобуд шуданд ва дигар ҳодисот пайгирӣ мекарданд ва ӯ ҳатто барои кӯмак ба масҷид муроҷиат карда буд.

"Чанде пеш чунин ҳодиса рух дод. Кӯдаконамро барои бозӣ ба маркази савдо бурдам. Бовар кунед ё не, вақте ду духтарча ва писарчаамро ба назди каруселҳо сар додам, дарҳол ба ёдам сӯхтори "Зимняя вишня" расид ва ман дигар тоқат накарда фарзандонамро аз он ҷо бурдам",-нақл кард ӯ.

Зигзаги наҷотбахш

Барои Салимов рӯзи 25 марти соли 2018 чунин сар шуд: соати 9 ба кор омаду соати 10 дари мағозаашро дар ошёнаи дуюм боз кард. Савдо гарм буд харидорон ҳам бисёр буданд.

Оғози сӯхторро бошад Фарзон дақиқан дар ёд дорад. Вақте фаҳмид, ки дар воқеъ сӯхтор сар задааст, бо кассир даромадро ҳисоб карда, қарор кардааст, ки духтарони савдогарро наҷот диҳад. Дар ёд дорад, чигуна тариқи алоқаи дохилӣ ба дигар ҳамкоронаш таъкид мекард, ки "бачаҳо, ҳамаи онҳое, ки ин ҷо ҳастед, биёед мардумро наҷот диҳем" ва баъд чун шахси ҷавобгар барои молу маҳсулот, дари мағозаашро баст.

"Мехостам ҳамроҳи дигарон ба берун бароям, вале ногаҳон гуиё касе ба ман фармуд, ки дари он тарафро ҳам боз кунам, шояд нафаре он ҷо бошад, чунин менамуд, ки Худо маро фармуд. Вақте дарро бардоштем, аз паси он мардум-ҳам хурду ҳам бузург намоён шуданд. Онҳо ҷои баромад мекофтанд, шукри Аллоҳ, ки нагузошт мо худро гум кунем. Мо онҳоро ҷеғ зада гуфтем, ки роҳи кӯтоҳтар ба берунро нишонашон медиҳем. Панҷнафара мисоли зигзак истодем, то роҳро тариқи мағозаамон боз кунем ва мардумро берун кашем. Раффҳои мағозаамон баланд буданд ва бе кӯмаки мо мардум роҳашонро ёфта наметавонистанд. Онҳо наздики 50-60 нафар буданд, хуб дар ёд надорам. То он замон дуд ҳама ҷоро фаро гирифта буд, ҳама месулфиданд ва базӯр роҳашонро медиданд",-ба ёд меорад Фарзон.

Ба гуфти Фарзон каме баъдтар кормандони қудратӣ омаданд ва фармуданд, ки аз дохил берун шавем, вале он замон Фарзон ва ҳамроҳонаш ба мардум барои баромадан, кӯмак мекарданд. 

"Вақте берун баромадем, хостем бозгардем, то ба касе кӯмак кунем, вале моро нагузоштанд",-мегӯяд бо таассуф Салимов.

Пас аз сӯхтор Фарзон бе ҷои кор монд ва барои дарёфти "қути лоямут" ба шаҳри Новокузнетс рафта, ронандаи таксӣ шуд.

Пас аз сӯхтор дар Кемерово сокинони Душанбе метарсанд ба “Садбарг” раванд

Вале чанде пеш боз ба ӯ пешниҳоди кор дар мағоза шуд. 

"Аввалин коре, ки ман кардам дастури сӯхторро талаб кардаму аз ҳамкоронамон хоҳиш кардам, ки ҳама онро ба хубӣ аз худ кунанд. То ҳам фурӯшанда, ҳам кассир ва ҳам посбон доданд, ки ҳангоми сар задани сӯхтор бояд чӣ кор кард. Кормандони мағоза медонанд, дар чунин ҳолатҳо чӣ кор кунанд, вале харидорон не. Фурӯшандаҳо бояд ба онҳо кӯмак кунанд",-мегӯяд Салимов.

Ҳоло Фарзон дар Тоҷикистон аст. Падараш каме бемор шудааст ва ӯ бемордорӣ мекунад. Вале Фарзон дар рӯзи солгарди фоҷиаи Кемерово дар нақша дорад ба масҷид равад.

Пас аз Соловёв: раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Фарзонро қадрдонӣ кард

"Ман мусулмон ҳастам ва панҷ маротиба дар як рӯз намоз мегузорам. Ман кӯдакони фавтидаро фаромӯш накардаам ва ҳич гоҳ фаромӯш нахоҳам кард ва дар ҳар як дуоям онҳоро ёд мекунам", -қайд кард ӯ.

1143
Мавзуъ
Муроҷиатномаи губернатори Кемерово ба шаҳрвандон
Губернатори Кемерово Аман Тулеев истеъфо дод
Пас аз сӯхтор дар Кемерово сокинони Душанбе метарсанд ба “Садбарг” раванд