Ҳаловат бурдам: Путин ба хонаи Чингиз Айтматов рафт

Обуна шудан
Дар чорчӯби сафари расмӣ ба Қирғизистон, президенти Русия Владимир Путин аз хона-музейи Чингиз Айтматов дидан кардааст.

ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Раҳбари Русия таҳкими муносиботи фарҳангию гуманитарии миёни Қирғизистону Русияро таъкид кардааст. 

Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, Владимир Путин дар доираи сафари кориаш ба Қирғизистон аз хонаи Чингиз Айтматов дидан кардааст. 

Маросими пешвози Владимир Путин ҳамаро шигифтзада хоҳад кард

Ӯ таассуроташро чунин баёён кардааст: "манотиқи гуногуни Русия ва Қирғизистон дар таҷлили 90-солагии классики советӣ, русиягӣ ва албатта қирғиз фаъолона ширкат доштанд. Акнун ман аз хона-музейи Чингиз Айтматов ҳаловат бурдам",-қайд кард Путин.

Раҳбари Русия Владимир Путин таҳкими муносиботи фарҳангию гуманитарии миёни Қирғизистону Русияро таъкид кардааст. 

Дастури раисҷумҳур ба вазири умури хориҷа барои омодагӣ ба сафари Путин

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба ҳамтои русаш Владимир Путин аспи даванд ва саги зотии қирғизӣ ҳадя кард.

Лентаи хабарҳо
0