Шашлык, архивное фото

Шашликпазии Путин дар Тува: сиррашро нагуфт

383
Ба гуфти раисҷумҳури Тува, сихкабоби омоданамудаи Владимир Путин хело болаззат аст.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми истироҳат дар Тува худ сихкабоб омода кард, ки тарзи тайёр намудани он сирри шахсии ӯ мебошад, гуфт раисҷумҳури Тува Шолбан Караоол дар мусоҳиба бо РИА Новости.

Ба гуфти ӯ Путин ҳамчунин чойи тувиро бисёр дӯст медорад.

Владимир Путин чанд бор бо сафари ғайрирасмӣ ба Тува рафтааст. Охири моҳи августи соли 2018 президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои истироҳатро ҳамроҳи вазири дифоъ Сергей Шойгу ва мудири ФСБ Александр Бортников дар Тува гузаронида буд. 

Чуноне раисҷумҳури Тува мегӯяд, Путин сихкабобро аз он намуди гӯште омода мекунад, ки шахсан шикор кардааст.

"Президент пухтани гӯштро дӯст медорад, ӯ ҳамаашро худаш анҷом медиҳад",-гуфт Кара-оол.

Ӯ гуфт, ки шашлики омодакардаи Путин бисёр болаззат аст, вале сирри онро фош накард.

"Намедонам, ин махфӣ аст",-гуфт раисҷумҳури Тува.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки Путн дар ҷангали Тува ҳангоми истироҳат кофе ва чойи маҳаллӣ менӯшад.

383
Мавзуъ
Навори истироҳати Путин бо Шойгу ва мудири ФСБ дар Тува мунташир шуд (НАВОР)