Гульнара Каримова, архивное фото

Ошкор шудани зиндоне, ки дар он Гулнора Каримоваро нигоҳ медоранд

1546
Ба гуфтаи вакили дифои духтари аввалин президенти Узбакистон, Гулнора Каримова дар зиндони рақами 21 шаҳри Тошканд адои ҷазо мекунад

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Вакили дифои Гулнора Каримова, ҳуқуқшинос Грегуар Манжа дар Твиттер акси зиндонеро мунташир кардааст, ки дар он духтари аввалин президенти Узбакистон Гулнора Каримова нигоҳ дошта мешавад.

"Ҳоло дар зиндони занонаи рақами 21 Зангиата қарор дорам. Кӯшиш дорам, ки барои мулоқот бо Гулнора иҷозат бигирам", - навиштааст вай.

Рӯзи дигар ҳуқуқшинос дар саҳифааш аз зиндони мазкур акс гузоштааст.

"Ин рӯзи дувуми ман дар зиндони Зангиота аст", - меафзояд вай.

Ёдрас мешавем, бештари далелҳо дар бораи парвандаи Гулнора то ҳол махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Аммо чанде пеш дар бораи аз ҳабси хонагӣ ба зиндон интиқол ёфтани духтари президент хабар дода шуд.

5 март духтари Каримова Имон хабар дод, ки модарашро кормандони додситонӣ аз манзилашон дуздиданд. Гулнора дар он манзил, аз охирҳои моҳи июни соли 2018 пас аз шартан пеш аз мӯҳлат озод шуданаш, ба сар мебурдааст.

"Бо далели вайрон кардани тартибот ва шартҳои адои ҷазо Додгоҳи ноҳияи Яшнободи Тошканд 5 марти соли 2019 қарор кард, ки Каримова мӯҳлати боқимондаи ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо мекунад", - гуфта намояндаи Додситонии кулли Узбакистон ҳангоми шарҳи қазия.

Соли 2017 Каримова ба 10 соли зиндон маҳкум гардид, аммо дертар ҷазоро бо ҳабси хонагӣ ба мӯҳлати 5 сол иваз карданд.

Каримова бояд дар ин муддат манзилро тарк намекард, аз интернет истифода намебурд ва зарари расонидаашро ҷуброн мекард.

Ба иттилои додситонӣ, духтари президент ин талаботҳоро риоя накардааст.

1546

Фавти 10 мариз ва олуда шудани 506 нафар ба коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

213
(Таҷдидшуда 18:14 03.07.2020)
Дар Қирғизистон ҳамарӯза теъдоди сироятёфтагон ва қурбониёни вируси COVID - 19 рӯ ба афзоиш мениҳад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ин кишвар 10 маризи коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ аз замони хуруҷи вируси COVID - 19 дар Қирғизистон мебошад.

Бар хабари Sputnik Қирғизистон, шабонарӯзи ахир 506 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардид.

Чанд рӯз қабл, нишондиҳандаи рекордии мубталошавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, ки 526 ҳолат дар як рӯзро дарбар гирифт.

Зимнан, теъдоди умумии дардмандони коронавирус дар ин кишвар ба 6767 нафар расидааст.

Афзоиши фавт аз коронавирус дар Қирғизистон: 45 мариз дар ҳолати вазнин қарор доранд

Бо илова шудани 10 қурбонии ҷадид, теъдоди ҳалокшудагон аз ин вирус ба 76 нафар баробар шуд.

Ҳамчунин давоми як рӯз 73 корманди соҳаи тиб низ ба ин маризӣ гирифтор шудаанд. Ҷамъан дар Қирғизистон 994 табиб олудаи коронавирус гардидаанд.

Ба иттилои ситоди фаврӣ, феълан дар дармонгоҳҳои Қирғизистон 638 мариз қарор доранд, ки 99 бемор дар ҳолати вазнин буда, ҳамчунин 19 нафар дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.

Гузашта аз ин, ҳудуди 3 398 нафари дигар, ки бидуни аломат мубталои ин беморӣ ҳастанд, ба қарантини хонагӣ фаро гирифта шуданд.

213
Барчаспҳо:
фавт, маризӣ, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
В центре Праги состоялся пир в честь прощания с коронавирусом

Прага аз поёни бӯҳрони коронавирус қайд кард: зиёфатхӯрии ҳазор нафар гирди мизи 500 метра

213
Прага расман аз пирӯзӣ бар маризии сироятии коронавирус эълон кард. Ба ин муносибат дар болои пули Карлов зиёфат барои ҳазор нафар ороста шуд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар Прага садҳо нафар ба хотири таҷлил намудани пирӯзӣ бар маризии коронавирус назди пули Карлова ҷамъ омаданд. Дар болои ин пул мизи 500 метра гузошта шуда, барои ҳазор нафар зиёфати идона дода шуд.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони Прага бо хӯроку нӯшобаҳо ба ин макон омада, бидуни риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб, сӯҳбат мекарданд ва зиёфат мехӯрданд.

Зиёфат дар чойхонаи "Роҳат": Рӯзи куҳансолон дар Душанбе чигуна таҷлил шуд - видео

Ташкилкунандаи ин маърака, соҳиби яке аз қаҳвахонаҳои маҳаллӣ Ондрей Кобза мебошад.

"Мо мехоҳем, ки поёни бӯҳрони коронавирусро қайд кунем. Мардум имкон пайдо мекунанд, ки якдигарро бубинанд ва нишон диҳанд, ки онҳо аз мулоқот наметарсанд, аз гирифтани як порча сэндвич аз дасти ҳамсоя наметарсанд" , - изҳор намудаст Кобза.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Чех 349 фавт аз COVID-19 ва тақрибан 12 000 сироят ба қайд гирифта шудааст.

213
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки

Духтари сесоларо таҷовуз кардааст: суди Душанбе баррасии парвандаи Зиёевро оғоз кард: акс

0
(Таҷдидшуда 22:35 03.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи марде оғоз кардааст, ки дар таҷовузи духтарчаи сесола муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии додгоҳи пойтах бо нашри аксҳо аз оғози баррасии парвандаи таҷовузи духтари сесола хабар додааст

Тибқи иттилои манбаъ, мурофиаи додгоҳӣ имрӯз, 3 июли дар толори судии суди шаҳри Душанбе бо парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Зиёев Юсуф Раҷабалиевич барои содир намудани таҷовуз ба номуси духтарчаи се сола оғоз шудааст.

Ба иттилои манбаъ Зиёев Юсуф  бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад.

Тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қисими сеюми моддаи 138 (таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик) – аз 12 то 25 соли зиндон ё ҳукми қатл ё ҳабси умрбод пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин қисми чори моддаи 139-и Кодекси ҷиноии кишвар барои ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида аз 15 то 20 соли зиндонро дар бар мегирад.

Қисми якуми моддаи 127 бошад дидаю дониста дар хатар монондан ва нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз сабаби оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад, ҳангоме, ки шахси гунаҳгор метавонист ба ин шахс ёрӣ расонад ва вазифадор буд нисбати ў ғамхорӣ зоҳир намояд ё худаш ўро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштанро дар бар гирифта, ашхоси муттаҳам бо чунин соддаро ду сол зиндон таҳдид мекунад.

0