Озода Раҳмон ва Убайдуллоев Эмомалӣ Раҳмонро ба Русия гусел карданд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Федератсияи Русия сафар кард.

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чиро Раҳмон мехоҳад бо Путин баррасӣ кунад: пешбинии коршиносон

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар чорчӯби сафари Раҳмон: дар ҳамоиши Маскав 15 созишнома имзо хоҳад шуд

Дар баробари ин ҳамроҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси вилояти Суғд, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардорони хадамотҳои гумрук ва зиддиинҳисорӣ ва дигар шахсони расмӣ низ ба Русия сафар карданд.

Лентаи хабарҳо
0