Саида Мирзиёева стала замдиректора Агентства информации и массовых коммуникаций

Духтари раисиҷумҳур аз ҳунари фарзандонаш гуфт

2089
(Таҷдидшуда 18:24 26.05.2019)
Духтари бузургии раисиҷумҳур гуфт, ки пасараш Миромон, ва духтараш Саодат чӣ ҳунарҳо доранд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Духтари бузургии раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, Саида Мирзиёева дар ҳошиаи итмоми соли хониш фикру андешаҳояшро дар бораи ҳунари фарзандонаш нақл кард.

Ӯ қайд кардааст, ки итмоми соли хониш-"ин замонест, ки мо мефаҳмем то чӣ андоза фарзандонамон бузург шудаанд".

"Писарам аллакай аз уҳдаи ҳалли масъалаҳои геометрӣ ба хубӣ мебарояду расмҳояш оҳиста оҳиста ба наққошӣ табдил меёбанд. Духтарам дар дарсҳои мусиқӣ аллакай Бетховенро меомӯзад. Ва мехоҳад дар баробари узбакӣ, русӣ ва англисӣ забони фаронсавиро ҳам омӯзад",-навиштааст ӯ дар саҳифааш дар Facebook.

Дар охир духтари президент суол гузоштааст, кӣ чаро волидон дар қиёс бо дастовардҳои худ бо ҳар як пешравии кӯчаки фарзандонашон ифтихор мекунанд.

Саида Мирзиёева стала замдиректора Агентства информации и массовых коммуникаций
Пресс-служба Агентства информации и массовых коммуникаций

Пас аз вазифаи нав: духтари Мирзиёев дар Instagram саҳифа боз кард

"Эҳтимол барои он кӣ инсон мехоҳад ба ояндаи хушбахти онҳо бовар кунад ва тақвияти ин эътиқодамон фарзандони тарбиятдида ва донишмандамон аст",-ҷавоб дод бо боварӣ Саида ба суоли гузоштаи худ.

Ба дустони фейсбукиаш муроҷиат карда Саида пурсидааст, ки фарзандони онҳо бо чӣ пешравиҳо онҳоро шод карданд.

Ёдовар мешавем, ки духтари бузургии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёв - Саида Мирзиёева чанде пеш яке аз муовинони мудири Агентии иттилоотӣ ва иртиботи оммаи Узбакистон таъин гардид.

2089