Верующий молится, архивное фото

Ҷасади шаҳрванди кушташудаи Нигерияро дар Бишкек ба хок месупоранд

341
(Таҷдидшуда 14:40 05.07.2019)
Алӣ Абубакр - шаҳрванди кушташудаи Нигерияро дар Бишкек ба хок месупоранд

ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Шаҳрванди Нигерия, мудири Cambridge School дар Бишкек Алӣ Абубакарро дар яке аз гӯристонҳои назди Бишкек ба хок месупоранд.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба мактаби Кембриҷ хабар медиҳад.

Алӣ Абубакр имшаб ба худ наомада дар шуъбаи эҳёи беморхонаи Бишкек ба ҳалокат расид.

Қазия рӯзи 2 июл рух дод. Шаҳрванди хориҷиро рӯзи 2 июл лату кӯб кардаанд. Бино ба иттилои шоҳидон, Алиро шахси номаълум дар назди маркази савдо мушт задааст. 

Дар натиҷа шаҳрванди хориҷӣ аз зарби мушт беҳуш шудаву ба замин афтидааст ва сараш ба асфалт бархӯрдааст.

Шаҳрванди Нигерияро дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ карданд. Пас аз як рӯз, замоне ки ҳодиса расонаӣ шуд, сарвазир дастур дод, ҳарчӣ зудтар гунаҳкор боздошт шавад. Мақомот гумонбарро дастгир кард.

Аз мактаби Кембриҷ хабар доданд, ки намози ҷанозаи шаҳрванди Нигерия имрӯз ҳангоми намози ҷумъа гузошта мешавад.

Алӣ Абубакрро мутобиқи қавонини дини ислом дар гӯристони "Арча Бешик" ба хок месупоранд.

Гуфта мешавад, ки бародари хурдии Алӣ дар Бишкек қарор дораду падараш ба далели мушкилоти раводид натавонист ба Қирғизистон биёяд.

341
Барчаспҳо:
мудир, ҷаноза, куштор, Бишкек, Нигерия
Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане

Чин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳ 19 миллиард метри мукааб газ харид

91
(Таҷдидшуда 03:08 07.08.2020)
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи соли равон ҳудуди 19 миллиард метри мукааб газ ба Чин содир карданд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik.  Аз оғози фаолияти лулаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ - Чин ,ки дар моҳи декабри соли 2020 роҳандози шуд , кишварҳои минтақа ба Чин 216 миллиард метри мукааб газ содир карданд,радиои Садои Хуросон.

Ба гузориши ин расона, мабдои аввалияи интиқоли газ аз марзҳои Туркманистон оғоз ёфта аз тариқи Узбакистон ва Қазоқистон ба хутути гази Чин дар минтақаи Син Конг Уйғур мавсум ба Ғарб - Шарқ мутасил шудаанд.

Албатта дар ин гузориш танҳо миқдори кулии содирот унвон шуда ва омори дақиқи марбут ба ҳар кишвари Осиёи Марказӣ сабт нашудааст.

Интиқоли нафт ва газ аз Тоҷикистон ба Чин ҳамин сол шурӯъ мешавад

Тули хутути Осиёи Марказӣ - Чин 1833 киллометр аст ва қобилияти интиқоли 60 миллиард метри мукааб солона дорад.

Туркманистон бузургтарин содиркунандаи газ ба Чин дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ аст ,ки дар соли гузашта ширкати Туркман газ  ба Пекин 31. 2 миллиард метри мукааб газро мунтақил кард.

91
Барчаспҳо:
содир, Осиёи Марказӣ, газ, Чин
Колючая проволока, архивное фото

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

164
(Таҷдидшуда 03:03 07.08.2020)
Як нерӯи марзбонии артиши Покистон дар даргирӣ бо нерӯҳои марзбонии Афғонистон кушта шуд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ахиран артиши Покистон дар баёнияе эълом кард, террористҳо аз дохили хоки Афғонистон мавозеи нерӯҳои покистониро дар он сӯи марз ҳадаф қарор доданд ва ҳамзамон нерӯҳои марзии Афғонистон низ ба сӯи нерӯҳои покистонӣ, тирандозӣ  карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин тирандозӣ ду нерӯи марзбонии дигари Покистон ҳам захмӣ шуданд.

Шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар Афғонистону Покистон афзоиш ёфт

Вазорати умӯри хориҷаи Покистон ҳам дар баёнияе зимн маҳкӯм кардани ҳамалот ба нерӯҳои ин кишвар дар марзи муштарак бо Афғонистон, ҳушдор дод, ки ин вазъият созу кори дуҷониба барои ҳамкориро таҳти таъсир қарор ме‌диҳад.

Покистон ва Афғонистон бар сари масоиле, аз ҷумла хати фарзии "Дюран" ва эҷоди таъсисоти марзӣ ихтилоф доранд ва ҳамчунин якдигарро ба ҳимоят аз тероризм муттаҳам ме‌кунанд.

164
Барчаспҳо:
ноороми, даргирӣ, марз, Покистон, Афғонистон
Детская игрушка возле дороги

Садамаи мудҳиши маргбор дар Шаҳритус: ронанда модару кӯдаконашро пахш карду гурехт

0
(Таҷдидшуда 13:30 08.08.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 32 солаи ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад, ки чор узви як хонаводаро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилои манбаъ, садамаи маргбор санаи 6-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 19:50 дақиқа рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Менглиев Ҷӯрабек Ҳусанович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳритус ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чоршанбе ба самти маркази ноҳияи Шаҳритус дар ҳудуди деҳаи Чинор бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, саравал як сар чорвои калони шохдорро пахш намуда, баъдан ба қисми канори рости роҳ баромада пиёдагардонро пахш кардааст.

Гуфта мешавад, пиёдагардон Рузиева Умеда Тургуновнаи 18 сола, Алимардонова Тоҷихол Маматалиевнаи 23 сола ва фарзандони хурдсолаш Рузиева Мафтуна Бурибоевнаи 2 сола ва  Рузиев Неъматулло Бурибоевичи хануз яксола нашуда пас аз пахши мошин ҳалок шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳалокшудагон истиқоматкунандагони, ҷамоати деҳоти Х.Холматов буда, ронанда пас аз пахи онҳо аз ҷойи ҳодиса гурехтааст.

Садамаи мудҳиш дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд": мард бо чор фарзанд ва занаш ба ҷарӣ чаппа шуд

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронанда Менглиев Ҷ.Ҳ. дастгир карда шуд” ,-афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

0