Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время заседания Совета коллективной безопасности ОДКБ в Астане

Пеш аз сафари Раҳмон: талоши Муҳриддин барои ҳалли масъалаи марзӣ бо Қирғизистон

1469
(Таҷдидшуда 18:33 22.07.2019)
Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷониби Қирғизистон хост, созишнома дар бораи сарҳади давлатиро имзо кунанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар ҳошияи 15-умин машварати вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Урупо  7 июл дар Бишкек мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Айдарбеков доир гардид.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷиистон хабар медиҳад.

Бино ба гузориши манбаъ, дар рафти мулоқот мавзӯъҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баррасӣ гардиданд.

"Ҷониби Тоҷикистон бори дигар ба зарурати имзо намудани Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи Сарҳади давлатии ду кишвар бо дарназардошти хатти сарҳади қаблан мувофиқашуда ва ҳалли масъалаҳои дигар таъкид кард",- омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки авоили моҳи июл, Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон дар мулоқот бо мардуми вилояти Бодканд гуфт, ба наздикӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ин кишвар боздид хоҳад кард.

Жээенбеков изҳор дошт, ки ҳатман бо ҳамтои тоҷикаш масъалаи марзро баррасӣ хоҳанд кард.

Ӯ таъкид намуд, ки ҳатман марз бо Тоҷикистон аломатгузорию дақиқ хоҳад шуд, аммо барои ин бояд мардум таҳаммулпазир бошанд.

“Ба зудӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меояд ва гуфтушунидҳоро идома хоҳем дод. Мо ба ҳеч ваҷҳ масоили марзиро бе таваҷҷуҳ намегузорем”, - изҳор дошт Жээнбеков дар мулоқот бо сокинони Бодканд.  

Раисиҷумҳури Қирғизистон афзуд, ки ӯ ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба гуфтушунидҳо барои аломатгузории марз моил мебошанд, аммо барои ин вақт ва сабр зарур аст.

Дар ин рссто Жээнбеков аз сокинони деҳоти Бодканд даъват намуд, ки ба иғво дода нашаванд ва ҳамеша бояд зарбулмасали “ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар”-ро дар хотир нигоҳ доранд.

“Бояд муносиботи дӯстона бо ҳамсояҳоро, ки асрҳо ҳамзистӣ дорем, ҳифз кунем. Мо чизе барои тақсимкунӣ надорем, бозору мазорамон як аст. Мо ҳамдинем, ки аз як ҷӯйбор об мехӯрем”, - изҳор дошт раисиҷумҳури Қирғизистон.

1469
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (62)