Шавкат Мирзиёев выступил на саммите в Иссык-Куле

Дастури Мирзиёев барои ба маркази сайёҳии ҷаҳонӣ табдил додани Самарқанд

332
(Таҷдидшуда 18:36 28.07.2019)
Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба вилояти Самарқанд рафтааст

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Узбикистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки шаҳри Самарқанд ба маркази сайёҳии ҷаҳонӣ табдил дода шавад, хабар медиҳад УзА.

Бино ба гузориши манбаъ, кишвардор дар чорчӯби сафари корӣ, аз шаҳри Самарқанд боздид кардааст.

Мувофиқи тарҳи сармоягузорӣ дар ҳудуди ин шаҳр меъмории 151 сохтмон дар назар аст.

Мирзиёев қайд кардааст, ки барои рушди иқтисоди кишвар, ба стандартҳои ҷаҳонӣ баровардани шароити фурудгоҳи шаҳри Самарқанд бисёр муҳим аст.

То имрӯз дар қаламрави ин вилоят, сохтусози 22 мактаб, 8 иншооти тандурустӣ ва 12 тарҳи обрасонӣ анҷом дода шудааст.

Пешниҳоди Панҷакенту Самарқанд барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО

Дар баробари ин президенти Узбакистон дар доираи сафари худ, аз корҳои сохтусози маркази сайёҳӣ боздид кардааст.

Ошхӯрии духтари раисиҷумҳур дар Самарқанд - акс

Ба гуфти Мирзиёев бояд коре кард, ки гардишгарон на ба хотири як рӯзу ду рӯз балки ба муҳлати тӯлонӣ ба шаҳри Самарқанд биёянд.

332
Барчаспҳо:
минтақаи сайёҳӣ, рушди сайёҳӣ, сайёҳӣ, дастур, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон, Самарқанд
Шота Арвеладзе

Сармураббии "Пахтакор" мубталои коронавирус шуд: ӯ дар Қатар аз ташхис гузашт

120
(Таҷдидшуда 18:27 23.09.2020)
Ташхиси Шот Арвеладзе барои ошкор кардани вируси COVID-19, ки рӯзи сешанбе гирифта шуд, натиҷаи мусбат дод

ТАШКЕНТ, 23 сен — Sputnik.  Сармураббии тими "Пахтакор" Шот Арвеладзе мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад котиботи бошгоҳи футболи Тошканд.

Ба иттилои манбаъ, тими "Пахтакор" ҳоло барои иштирок дар лигаи қаҳрамонии Осиё дар Қатар қарор дорад.

"Бегоҳи дирӯз натоиҷи ташхиси сармураббии дастаи "Пахтакор" дмақиқ шуд. Маълум гардид, ки Арвеладзе гирифтори коронавирус аст, - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, феълан сармурабии тими мазкур дар инзиво қарор дорад.

Зикр мегардад, ки ҳайати дигари дастаи "Пахтакор" сиҳат буда, ба ин навъ маризӣ мубтало нестанд.

Ёдовар мешавем, моҳи июл панҷ бозингари ин даста якбора мубталои коронавирус шуданд.

120
Барчаспҳо:
маризӣ, Сармураббӣ, футбол, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

99
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

99
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Игор Черевченко, акс аз бойгонӣ

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

0
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Дастаи “Химки” дар пайи қатъи шартнома бо сармураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод, ки Игор Черевченко сармураббии нави тим таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Собиқ сармураббии тими “Арсенал”-и Тула, Игор Черевченко ба мақоми сармураббии дастаи “Химки” таъйин шудааст, хабар дод бошгоҳ дар саҳифааш.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора хадамоти матбуоти даста хабар дод.

Черевченко дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шуд.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охир дар ҷадвали “РПЛ” фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
Футбол, Русия