Дети, архивное фото

Безор карданд: дар Тошканд марде фарзандони худро аз тиреза ҳаво дод

463
(Таҷдидшуда 13:01 30.07.2019)
Мард ба хотири интиқод гирифтан аз ҳамсари худ, фарзандонашро аз тирезаи ошёнаи чаҳоруми бинои зисташ ба берун партофтаст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Бар хабари сомонаи UPL, дар шаҳри Тошканд падаре ду фарзанди ноболиғи худро аз тиреза ба берун ҳаво додаст.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки ин мард ба хотири интиқод гирифтан аз ҳамсари худ, ки тасмим гирифтааст аз шавҳараш ҷудо шавад, ба ин кор даст задаст.

Падари ҷинояткор  аз  касалии рӯҳӣ низ азият мекашидаст, мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, кӯдакҳо агар чи пас аз ҳодисаи мазкур ҷон ба саломат бурданд, вале як умр акнун маъюб хоҳанд монд.

Бар хабари манобеъ, падари кӯдакони маъюбмонда дастгир гардида феълан дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Маскав: Дилшод - падари серфарзанд аз Тоҷикистон Настяи хурдсолро аз марг наҷот дод

Ба гуфтаи ҳаммаҳалони ин оила, ҳамсояҳо борҳо кӯшиданд то аз пош хӯрдани хонаводаашон ҷилавгирӣ намоянд, вале муваффақ нашуданд

Ёдовар мешавем, ки қаблан як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Североуралски вилояти Свердловский кӯдаки семоҳаеро наҷот дода буд. Тифлро, ки аз тиреза ҳаво дода буданд, Фахриддин Юсупов ном шаҳрванди Тоҷикистон доштааст.

Ба ман деҳ, напарто: муҳоҷири тоҷик тифли семоҳаеро наҷот дод

Кумитаи тафтишотии вилояти мазкур  он замон изҳор дошта буданд, ки Фахриддин Юсупов барои наҷоти кӯдаки навзод қадрдонӣ карда мешавад.

463
Барчаспҳо:
фарзанд, падар, Тошканд