Мирзиёев ба Қирғизистон меравад

© © Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев выступил на саммите в Иссык-Куле
Шавкат Мирзиёев выступил на саммите в Иссык-Куле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф орад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Масоили сафари қарибулвуқӯи раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистонро сарвазирони ду кишвар Абдулло Орипов ва Муҳаммадқулӣ Абилғозиев дар ҳоли ҳозир баррасӣ доранд. 

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Зодрӯз муборак: табрикоти Эмомалӣ Раҳмон

Бар хабари сомонаи РИА Новости , имрӯз сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов бо сафари расмӣ озими Ҷумҳурии Қирғизистон гардид.

Дастури Мирзиёев барои ба маркази сайёҳии ҷаҳонӣ табдил додани Самарқанд

Гуфта мешавад, имрӯз дар шаҳри Бишкек ҷаласаи байниҳукуматии Узбакистону Қирғизистон баргузор мешавад.

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи мазкур сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов бо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дидору мулоқот анҷом медиҳад.

Бародару ҳамсоя: Раҳмон ва Мирзиёев барои татбиқи тафовуқоти пешин талош мекунанд

Ба гуфтаи сарвазир Абилғозиев, алъон ҳамкориҳои дуҷонибаи Узбакистону Қирғизистон босуръат рушт меёбад.

Сарвазир далели рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро ба муносибатҳои дӯстонаи Мирзиёев ва Жээнбеков рабт дод.

Лентаи хабарҳо
0