Сироджиддин Мухриддин, архивное фото.

Нигаронии вазир аз "барбод" рафтани талоши 17-солаи Тоҷикистон дар марз

1153
(Таҷдидшуда 13:04 02.08.2019)
Вазири корҳои хориҷӣ аз барбод рафтани талоши чандинсолаи Тоҷикистон барои аломатгузории марз бо Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз иҷро нашудани қарордодҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ нигарон аст.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, масъалаи аломатгузории марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон таърихи тӯлонӣ дорад ва 17 сол боз дар ин росто комиссияи муштарак кор мебарад.

Вазир гуфт, кӣ мехоҳад вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ноором кунад

"Барои Тоҷикистон муҳим ин аст, ки ҳамаи музокироти оянда ва барраси масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар асоси санадҳои ҳуқуқие, ки қаблан имзо ва тасдиқшудаанд, сурат гирад", - гуфт вазир.

Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон барои аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон 17 сол боз талош дорад ва дар ин росто, хароҷоти зиёде кардааст.

Пеш аз сафари Раҳмон: талоши Муҳриддин барои ҳалли масъалаи марзӣ бо Қирғизистон

"Мо нигарон ҳастем, ки ҳамаи дастовардҳо ва хароҷоте, ки қаблан шуд ба асос гирифта шаванд", - таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.

Мулоқоти таърихӣ: котиботи Раҳмон гуфт, анҷоми баҳси марзӣ наздик аст

Пас аз пошхӯрии иттиҳоди Шӯравӣ, масъалаи тақсими марз ба яке аз проблемаҳои умдаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт.

Баъзе аз навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон, ки шимоли ин  кишвар маҳсуб мешавад бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, вале хатти марз, барои сокинони ин ду кишвар то ба имрӯз муайяну мушахас нашудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди  970 километр марзи муштарак доранд, ки 50 % и он ҳанӯз  аломатгузорӣ нашудааст. Чунин номуайянӣ ба низову бархурдҳо миёни сокинони оддӣ ва сарҳадбонони ин ҷумҳуриҳо боис мешавад.

1153
Барчаспҳо:
муноқишаи марзӣ, аломатгузорӣ, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (91)
В центре Праги состоялся пир в честь прощания с коронавирусом

Прага аз поёни бӯҳрони коронавирус қайд кард: зиёфатхӯрии ҳазор нафар гирди мизи 500 метра

84
Прага расман аз пирӯзӣ бар маризии сироятии коронавирус эълон кард. Ба ин муносибат дар болои пули Карлов зиёфат барои ҳазор нафар ороста шуд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар Прага садҳо нафар ба хотири таҷлил намудани пирӯзӣ бар маризии коронавирус назди пули Карлова ҷамъ омаданд. Дар болои ин пул мизи 500 метра гузошта шуда, барои ҳазор нафар зиёфати идона дода шуд.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони Прага бо хӯроку нӯшобаҳо ба ин макон омада, бидуни риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб, сӯҳбат мекарданд ва зиёфат мехӯрданд.

Зиёфат дар чойхонаи "Роҳат": Рӯзи куҳансолон дар Душанбе чигуна таҷлил шуд - видео

Ташкилкунандаи ин маърака, соҳиби яке аз қаҳвахонаҳои маҳаллӣ Ондрей Кобза мебошад.

"Мо мехоҳем, ки поёни бӯҳрони коронавирусро қайд кунем. Мардум имкон пайдо мекунанд, ки якдигарро бубинанд ва нишон диҳанд, ки онҳо аз мулоқот наметарсанд, аз гирифтани як порча сэндвич аз дасти ҳамсоя наметарсанд" , - изҳор намудаст Кобза.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Чех 349 фавт аз COVID-19 ва тақрибан 12 000 сироят ба қайд гирифта шудааст.

84
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Назарбоев аз COVID - 19 шифо ёфт: акси тозаи ӯ нашр шуд

117
(Таҷдидшуда 17:53 02.07.2020)
Рӯзи 18 июн дар бораи сироят шудани нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба маризии COVID - 19 хабар дода шуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Тести аввалин кишвардори Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои муайян кардани COVID - 19 манфӣ баромад, хабар дод сухангӯи Назарбоев Айдос Укибой дар Twitter.


Рӯзи 18 июн дар бораи сироят шудани нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба маризии COVID - 19 хабар дода шуд. Пас аз ин хабар Назарбоев танҳонишинӣ мекард.

"Ман хабарҳои хуш дорам. Тести имрӯзаи президент барои муайян кардани коронавиус манфӣ баромад. Тибқи дастурҳои пизишкон Назарбоев ҳамоно хонанишинӣ карда, дуркор мешавад ва бештар дар ҳавои тоза сайру гашт мекунад", - навиштааст сухангӯи Назарбоев.

"Мактуби президентҳоро худаш мехонад": сухангӯи Назарбоев вазъи саломатияшро шарҳ дод

Дар давоми шабонарӯзи охир дар Қазоқистон 528 ҳолати нави сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар умум дар кишвар 42 574 кас гирифтори COVID - 19 шудааст. Шумораи беморони бидуни нишонаҳо ба ин омор дохил намешавад.

117
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, беморӣ, Нурсултон Назарбоев, Қазоқистон
Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг

Ронанда дар хати пиёдагузар ноболиғи 10 - соларо пахш кард

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати кӯдаки 10 - сола хабар медиҳад, ки дар хати гузаргоҳи пиёдагардон зери чархи мошин мондааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 1- уми июл, тахминан соати 22:00 дақиқа рух додааст.

Бар хабари Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Деу-некси"  Ҷамии Ҳамиди 24 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ, дар хати пиёдагузар ноболиғро зер кардааст.

"Ронанда ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қарабоев аз самти кӯчаи Абая ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, дар болои хати гузаргоҳи пиёдагардон, пиёдагарди ноболиғ, Исроилова Фарида Шодиевна, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Русияи ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Садамаи мудҳиш дар Восеъ оилаи Комиловҳоро мотамзада кард: ду тан ҳалок ва дуи дигар захмӣ

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, бар асари ин ҳодиса ноболиғи 10 - сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ меафзояд, феълан аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
ҳалокат, пиёдагард, ноболиғ, садама