Президенты Таджикистана и Кыргызстана на переговорах

Вазир гуфт, Раҳмон ба Жээнбеков чиро таъкид кард

628
(Таҷдидшуда 13:58 02.08.2019)
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, барои Тоҷикистон дар масъалаи аломатгузории сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон чӣ муҳим аст

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков чиро таъкид кард.

Ба гуфтаи вазир барои Тоҷикистон аз ҳама муҳим риоя шудани қарордодҳои пеш тасдиқшуда аст.

"Барои Тоҷикистон муҳим ин аст, ки ҳамаи музокироти оянда ва барраси масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар асоси санадҳои ҳуқуқие, ки қаблан имзо ва тасдиқшудаанд, сурат гирад", - гуфт вазир ва афзуд, ки ҳамин матлабро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбюой Жээнбеков таъкид карда буд.

Вазир афзуд, ки масъалаи аломатгузории марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон бисёр печида аст, вале сафари кишвардорон ба марз ва мулоқоташон бо мардуми наздисарҳадӣ моҳияти зиёд дорад.

Иғво накунед: тафсилоти суҳбати Раҳмон ва Жээнбеков бо сокинони наздимарзӣ

"Сафари раисиҷумҳурон, мардуми наздимарзиро руҳбаланд мекунад", - гуфт вазир дар нишасти хабарӣ.

Ваъдаи Жээнбеков ба сокинони наздимарзӣ: мушкилатонро ҳал мекунем

Ин дар ҳолест, ки котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбековро дар Исфара таърихӣ хонда, гуфт, ин музокирот ду кишварро ба амалияи  анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.

Дар ин музокирот, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокирот идома меёбад.

Тоҷикистону Қирғизистон дар якҷоягӣ тирпарронӣ дар марзро санҷиш хоҳанд кард

Дар рӯзи баъдӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иссиқкӯли Қирғизистон сафар карда, он ҷо музокиротро дар масъалаи аломатгузории сарҳади давлатӣ идома дод.

Ба гузорити котиботи президенти Қирғизистон, Жээнбеков гуфтааст, ки ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон музокироти таърихӣ рух дод.

Жээнбеков гуфт, чунин рухдод аз оғози таърихи мустақилияти кишвар то кунун набуд. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки ин вохӯрӣбарои таҳкими муносиботи дуҷониба такони хубе хоҳад шуд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аҳаммияти таҳкими эътимод миёни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус дар минтақаҳои наздсарҳадӣ, ба таври хосса таъкид карда шудааст.

Кишвардорон дар ин росто, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак, иштироки ҷонибҳо дар консертҳо ва фестивалҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, варзиш ва сайёҳиро зарур дониста, ба мувофиқа расидаанд, ки робитаҳои бародаршаҳриро миёни шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишварҳояшон барпо намоянд.

Робитаҳои бародаршаҳрӣ: Раҳмону Жээнбеков музокироти марзиро ҷамъбаст карданд

628
Барчаспҳо:
гузаргоҳи марзӣ, қарордоди марзӣ, аломатгузорӣ, олӣ, музокирот, Сооронбой Жээнбеков, Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (91)
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Фавти 10 мариз дар як рӯз: теъдоди қурбониёни COVID - 19 дар Қирғизистон ба 88 нафар расид

217
Дар Қирғизистон теъдоди қурбониёни коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 10 дардманди коронавирус ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта дасти кам 10 нафар аз маризони коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ.

Бар хабари манбаъ, дар шаҳри Бишкек аз ин беморӣ ду нафар, ду мард ва ду зан фавтиданд. Синну соли 10 қурбонии ҷадиди коронавирус дар Қирғизистон аз 35 то 81 - сола гуфта мешавад.

Ҳамин тариқ, бо илова шудани 10 мавриди нав, шумораи умумии қурбониёни вируси COVID - 19  дар ин кишвар ба 88 нафар баробар шуд.

Фавти 10 мариз ва олуда шудани 506 нафар ба коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

Ёдовар мешавем, рӯзи ҷумъа низ дар Қирғизистон бар асари маризии коронавирус 10 бемор ҷон бохтанд ва 506 нафари дигар тоза ба ин маризӣ гирифтор шуданд.

Ба иттилои ситоди фаврӣ, феълан дар дармонгоҳҳои Қирғизистон 638 мариз қарор доранд, ки 99 бемор дар ҳолати вазнин буда, ҳамчунин 19 нафар дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.

Гузашта аз ин, ҳудуди 3 398 нафари дигар, ки бидуни аломат мубталои ин беморӣ ҳастанд, ба қарантини хонагӣ фаро гирифта шуданд.

217
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Террористы в Афганистане. Архивное фото

"Ҷазира барои Толибон": ҳамла аз Туркманистон бар Афғонистон буд ё не?

633
(Таҷдидшуда 15:30 04.07.2020)
Мақомот ва неруҳои амниятии Афғонистон хабари ҳамлаи Толибон аз қаламрави Туркманистонро таъйид ё такзиб накарданд. Коршиносон мегӯянд, Туркманистон бар аъмоли Толибон чашмпӯшӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Муҳандис Аҳмад, вулусволи Хумоби вилояти Ҷузҷон, ки дар марз бо Туркманистон ҷойгир аст, ба Sputnik Тоҷикистон ҳамлаи сангини Толибонро таъйид кард, аммо аз ин суол, ки оё ин ҳамла аз қаламрави Туркманистон анҷом шудааст, турфа рафт.

"Ду рӯз ҷангҳои шадид дар вулусволии Хумоб идома дошт. Толибон аз неруҳои давлатӣ ва хезиши мардумӣ шикасти сангин дида, ба ҷониби вулусволии Оқча ақибнишинӣ карданд. Ҳоло дар вулусволии Хумоб, ки бо Туркманистон марзи муштарак дорад, ягон толиб ҳузур надорад", - гуфт Муҳандис Аҳмад.

Қаблан Мавлавӣ Абдулҳай Ҳаёт, раиси Шӯрои вилоятӣ, ҳамзамон волии ҳанӯз таъйиднашудаи Ҷузҷон, ки аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъйин шудааст, ба расонаҳо гуфта буд, ки шаби панҷшанбеи гузашта, 25 июн, толибҳои мусаллаҳ аз тариқи дарёи Ому аз кишвари Туркманистон худашонро ба вилояти Ҷузҷон расонида, бар пойгоҳи Урдуи миллӣ дар соҳаи Чуплитеппаи вулусволии Хумоб ҳамла намуданд.

"Бино ба иттилое, ки ба мо расидааст, дар ҷараёни даргириҳо 7 сарбози артиш шаҳид, 10 сарбози дигар, ҳамчунин Ҳайвод-паҳлавон, як фармондеҳи хезишҳои мардумии маҳал захмӣ шудаанд”, - гуфт Абдулҳай Ҳаёт. Дар тафсири ин хабар Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 – и "Шоҳин", нерӯҳои хоси вазорати дифоъи Афғонистон низ ба Sputnik Тоҷикистон маҳз ин нуктаро, ки Толибон аз Туркманистон ҳамла кардаанд, шарҳ надод.

Вай гуфт, воқеан, дар рустои Чуплитеппаи вулусволии Хумоби вилояти Ҷузҷон миёни нируҳои дифоъӣ – амниятӣ ва ҳаросафганони толиб як бархӯрд ба миён омада, талафоте ҳам ба миён гузошт. “Дар ин даргирӣ 4 толиб кушта ва 3 тан дигар аз аъзои Толибон ҳамроҳ бо таҷҳизот ҷангиашон асири нируҳои амниятӣ амниятӣ гардиданд”, - гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.

Корпуси 209 – и “Шоҳин”, нерӯҳои хос ё коммандои вазорати дифоъи Афғонистон аст, ки бори аслии ҷангҳо бо созмонҳои мамнӯъи Толибон, ДОИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ дар панҷ вилояти Шимоли Афғонистон – Балх, Самангон, Сарипул, Форёб ва Ҷузҷонро ба зимма дорад. Арзиши хабар Дар ҳамин ҳол, худдории мақомот шакку гумонро дар ин бора, ки Толибон аз қаламрави Туркманистон ҳамла кардаанд, меафзояд, зеро ин аввалин мавриди ҳамлаи онҳо аз марзҳои Осиёи Марказӣ ба хоки Афғонистон тайи беш аз 25 соли ҳузури онҳо дар саҳнаи сиёсиву низомии минтақа буда метавонад.

Тайи ин ҳама солҳо ҳукуматҳо ва нерӯҳои зиддитолиб ҳамеша ангушти иттиҳом ба сӯи Покистон, ҳамсояи ҷанубии худ мекарданд, ки Толибонро омода карда, аз марзҳои худ барои анҷоми амалиёт ба Афғонистон мефиристад. Мурод Шарифӣ, коршиносе, ки худ зодаи Ҷузҷон аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аслан Толибон аз ҷазираҳои дарёие ҳамла кардаанд, ки маълум нест ба Афғонистон тааллуқ доранд, ё Туркманистон.

"Ин ҷазираҳо дар пайи тағйири маҷро кардани дарёи Ому ба вуҷуд омадаанд ва маълум аст, ки Туркманистон дар онҳо тасаллут надорад. Ҳамчунин ҷазираҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон низ вуҷуд доранд. Аммо убур ба онҳо танҳо аз соҳаи таҳти назорати давлати Афғонистон имкон дорад. Ҳоло суол ҳам ин аст, ки онҳо бо 200 – 300 ҷангӣ чӣ тавр худро ба ин ҷазираҳо расондаанд?", - гуфт Мурод Шарифӣ.

Ин коршинос мегӯяд, эҳтимолан мақомоти Афғонистон дар ин мавзӯъ хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, чун дар гузашта борҳо шуда, ки сарбозони ҳукуматӣ дар ҷангҳо аз дасти Толибон ба танг омада, дар марзи Туркманистон паноҳ бурдаанд ва аз сӯи дигар, намехоҳанд як ҷанҷоли байнулмилалиро доман зананд.

Аммо Раззоқи Момун, коршиноси муқими Австралия, мегӯяд, Толибон ва Туркманистон ҳанӯз аз солҳои 90 – ум робитаи танготанг доранд.

"Туркманистон ягона кишвари шимол буд, ки амалан ҳукумати Толибонро пазируфта, бо он, қабл аз ҳама, ба хотири лӯлаи гази ТАПИ (Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳинд) ҳамкорӣ мекард. Аз сӯи дигар, Толибон пас аз имзои созишнома бо Амрико машрӯъият пайдо карданд ва кишварҳои минтақа онҳоро як шарики ояндаи худ арзёбӣ мекунанд. Аз ин хотир, барои наранҷонидани Туркманистон, ки бо ҳукумати Кобул дар заминаи барқу маводи сӯхт ва дигар соҳаҳо ҳамкорӣ дорад, ба ин ҳаводиси хурд чашм мепӯшад. Дар умум, Туркманистон ҳам ҳеҷ гоҳ бо ҳукуматҳои Кобул хусумат надошт ва ин қабил ҳаводис ҳеҷ гоҳ равобити ду кишварро тира намекунанд”, - гуфт Раззоқи Момун.

Расонаҳои расмии Туркманистон то ба ҳол дар мавриди ин воқеа сукут карданд. Онҳо низ иддаоҳои мақомоти маҳаллӣ дар Афғонистонро нодида мегиранд. Ба назар мерасад, ҳама бар инанд, ки салоҳи кор барои ҳама ҳамин аст.

633
Барчаспҳо:
ҳуҷум, Туркманистон, Афғонистон
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Тасдиқи фавти дигар аз COVID-19 дар Тоҷикистон: омори нави расмӣ

2153
(Таҷдидшуда 21:02 05.07.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 54 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавт бар асари он ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз 30 апрел то 5 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6 ҳазору 213 нафар расид.

Хабаргузории “Ховар” аз қавли Вазорати тандурустӣ  афзудааст, ки аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4858 нафар ё худ 78,2% беморон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.

Мақомот шахсияти нафари фавтида аз коронавирусро нагуфтанд, аммо ахиран аз даргузашти Шоира Бузурукова, сартабиби зоишгоҳи Хуҷанд хабар дода шуд, ки дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ бистарӣ будааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар дод, ки давоми шабонарӯзи охир 225 нафар гирифторони эҳтимолӣ зери назорати табибон қарор дошта, 49 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ҳукумат нақшаҳоро тағйир дод, парлумон пазируфт: вазир гуфт, вазъ пешгӯинашаванда аст

Мақомоти Тоҷикистон таъкид карданд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

2153
Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, ситомегалавирус, Тоҷикистон