Сокинони наздимарзии Тоҷикистон хатнасурро дар Қирғизистон барпо кардаанд

© Sputnik / Дмитрий МатвеевУгощения на узбекской свадьбе
Угощения на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъзе аз сокинон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом барои баргузор кардани хатнасури фарзандонашон ба тарабхонаҳои ноҳияҳои наздимарзии Қирғизистон рафтаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Масъулони шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Суғд гуфтанд, ки аз баргузории ин гуна ҳолатҳо дар берун аз марзи кишвар хабар доранд.

Суҳроб Рустамзода, мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Суғд, дар нишасти хабарӣ дар бораи ҷойдошти ин гуна ҳолатҳо гуфт, баъзе шаҳрвандон, моҳияти қонунро дуруст дарк накарда, ҳамоно ба исрофкорӣ даст мезананд.

Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур: хатнасур дар иҳотаи хонавода ва бидуни суруду мусиқӣ гузаронида шавад

Ӯ гуфт, ба онҳо маълумот расидааст, ки баъзе сокинони шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатнасури фарзандонашонро дар тарабхонаҳои навоҳии наздимарзии Қирғизистон барпо кардаанд.

Мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Суғд афзуд, таъсир расонидан ба маъракаҳое, ки берун аз марзи кишвар доир мешаванд хилофи қонун аст ва комиссия ҳам ин салоҳиятро надорад, ки ба онҳо дахолат кунад.

Аммо ӯ гуфт, дар ин самт комиссия бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро доир карда истодаанд.

“Туфайли корҳои фаҳмондадиҳӣ мо метавонем мардумро аз баргузор намудани туйи хатнасур дар давлатҳои ҳамсоя пешгирӣ кунем. Дар ин бора комиссияи вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ корбарӣ карда истодаанд. Мутаасифона баъзеҳо сокинон моҳияти қонунро, ки сарфаву сариштакориро дар назар дорад, дуруст дарк намекунанд”, - гуфт Рустамзода.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2007  Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” - ро  қабул кард, ки ҳадафи қабули он пешгирӣ аз харҷи изофии туйю сури мардум гуфта мешуд. Баъд аз даҳ сол ба Қонун тағйиротҳои нав ворид карда шуд.

Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Рашт 80 кӯдакро ройгон хатна карданд

Ин Қонун ҳоло аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим мекунад.

Аз ҷумла моддаи 9- и Қонун, хатнасур ном дошта, ин моддаи Қонун баргузори хатнасурро дар бо иштироки на зиёда аз 60 нафар таъкид карда, баргузории онро дар шароити тарабхонаҳо бо иштироки ҳофизон ва забҳи чорво манъ кардааст.

Ба иттилоъи шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 74 мавриди риоя накардани талаботи қонун дар маъракаҳои мардум ба қайд гирифта шудааст.

"Аз ҷумла, 7 ҳолат барои баргузор кардани ҷашни зодрӯз, ки хилофи моддаи 8-и Қонун аст, 11 ҳолат барои баргузор кардани хатнасур, ки хилофи моддаи 9 аст, 29 ҳолати туйи домодию арӯсӣ, ки бо доираи одамони зиёд сурат гирифтааст, чанд ҳолати дигар, ки соҳибони ошхонаву тарабхонаҳо ва ҳофизон ӯҳдадории худро тибқи талаботи моддаи 14 -и Қонун риоя накардаанд, ошкор карда шуда, дар ин бора парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст", - гуфт Рустамзода.

Масъулони шуъба оид ба корҳои дин гуфтанд, ки дар ин самт комиссияи доимамалкунанда кор мебарад, то маъракаву маросими сокинон дар доираи Қонун ва бидуни харҷҳои изофӣ баргузор карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0