Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Шарти Отамбоев ва ваъдаи генерал видеои музокироту таслимшавӣ

2465
(Таҷдидшуда 21:53 08.08.2019)
Дар саҳифаҳои интернетии Алмосбек Отамбоев, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори гуфтушунидаш бо Курсан Асанов, ноиби вазири умури дохилии Қирғизистон нашр шудааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Отамбоев зимни гуфтушунидҳо изҳор доштааст, омодаи таслимшавист, вале мақомот бояд ваъда диҳанд, ки ба ҳамроҳонаш осебе нахоҳанд расонд.

“Зарур бошад, маро паронед, аммо бо бачаҳо кордор нашавед. Шумо бо бачаҳои духтарҳо кордор нахоҳед шуд?”, - суол гузошт Отамбоев.

Дар посух Асанов ваъда медиҳад, ки ҳама бидуни осеб берун хоҳанд шуд ва аз ҷумла раисиҷумҳури собиқ низ, ӯ ваъдаи генералӣ медиҳад.

Алмосбеков изҳор медорад, ки маҳз бачаҳои дохил ҳаёти низомиёни дастаи таъиноти махсусро рӯзи гузашта наҷот дода буданд.

Дар пайи ин Отамбоев таслим мешавад ва силоҳе низ, ки аз гуруҳи таъиноти махсус гирифта шуда буд, ба мақомот баргардонда мешавад.

Сергей Слесарев, вакили дифоъ ва Кундуз Жолдубоева, мушовири Отамбоев иттилоъ додаанд, ки собиқ раисиҷумҳури Қирғизистонро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бурданд, аммо феълан маълум нест, ба ҳайси кӣ.

2465

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

167
Сар аз оғози соли хониш дар Ҷумҳурии Қазоқистон шаш хонандаи мактаб мубталои маризии коронавирус шуданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар Қазоқистон 6 хонанда мубталои маризии коронавирус шуданд, хабар медиҳад сардухтури санитарии Нурсултон Жанна Пралиева.

Ба изҳори ӯ, аз шаш хонандаи сироятёфта, 2 нафараш бидуни аломат мубтало шуда, дар чаҳор кӯдаки дигар нишонаҳои ин маризӣ пайдо шуданд.

61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия

Пралиева мегӯяд, танҳо як кӯдак ба муассисаи таълимӣ меомад ва "шояд дар мактаб мубталои коронавирус шуда бошад".

"Панҷ толибилми дигар бошад, таълими фосилавӣ мегирифтанд ва сарчашмаи ба беморӣ гирифтор шудани онҳо номаълум аст", - изҳор дошт сардухтури санитарии Нурсултон.

Гузашта аз ин, ба маълумоти ин намояндаи тандурустӣ дар Нурсултон се кӯдаки боғчарав низ гирифтори коронавирус шуданд.

Жанна Пралиева мегӯяд, агар аз замони авҷ гирифтани вируси COVID - 19, аксар нафарони аз 45 то 60 сола боло мубтало мешуданд, ҳоло бештар ин вирус кӯдакону мактаббачаҳоро "сайд" мекунад.

Бояд гуфт, ки дар Нурсултон сар аз 13 - уми март то имрӯз, 14 084 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт гардидааст.

167
Барчаспҳо:
маризӣ, толибилм, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Музокироти сулҳи Афғонистон мутаваққиф шуд

273
(Таҷдидшуда 13:36 28.09.2020)
Музокироти сулҳи Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд, ба хотири ихтилофи назар дар барномаи кории музокирот миёни ду ҳайати музокиракунанда мутаваққиф шудааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Пойгоҳи хабарии Садои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, бо гузашти ду ҳафта аз оғози гуфтугӯҳои сулҳи ҳайатҳои гуфтугӯкунандаи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  дар Давҳа, пойтахти Қатар манобе дар Қатар мегӯянд, ки барномаи кории музокирот таҳиянашуда ва рӯзи гузашта ҳеч дидоре миёни ду тараф баргузор нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, як узви ҳайати гуфтугӯкунандаи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон ҳамоҳанг нестанд ва ба ҳамин далел гуфтугӯҳо мутаваққиф шудааст.

Ин узви Толибон(мамнуъ дар қаламрави Русия)  гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон аз ҷараёнҳо ва аҳзоби мухталиф намояндагӣ мекунанд ва замоне, ки ба нишаст меоянд, хости ҷадидеро матраҳ мекунанд ва бо наздик шудан ба натиҷаи ниҳоӣ аз нишаст мераванд ва пас аз бозгашташон ба маҷлис, таъбирашон тағйир мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, узви ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон гуфтааст, Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  ба дунболи музокироти муҷаддад дар мавриди бархе ҷанбаҳои тавофуқе аст, ки онон дар 29 феврал дар Давҳа бо Амрико ба тавофуқ расиданд.

Нодирӣ гуфт, ки Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  бо ҳадаф қарор додан нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён дар талош аст то давлатро дар Кобул таҳти фишор қарор диҳад.

Ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистони ибрози умедворӣ кардааст, дар ин давр битавонанд бо Толибон дар бораи оташбас ба як тавофуқи матлуб даст ёбанд.

273
Барчаспҳо:
барнома, ихтилоф, мутаваққиф, сулҳ, музокирот, Афғонистон
Федеральный канцлер Германии Ангела Меркель

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

0
(Таҷдидшуда 20:12 29.09.2020)
Рӯзномаи “Der Spiegel” хабар додааст, ки канслери Олмон Ангела Меркел дар беморхонаи Шарите дар Берлин бо як сафари махфӣ аз Алексей Навалний хабар гирифтааст

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Нашрияи “Der Spiegel” навиштааст, ки Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ба таври махфӣ дар бемористони Шаритеи Берлин Алексей Навалний мухолифи давлати Русияро аёдат кардааст.

Алекей Навалний низ дар саҳифаи Твиттер худ, гузориши нашрияи Олмонии Шпигел дар хусуси дидор бо Ангела Меркелро таъйид кард ва навиштааст, ки ин дидор як ҷаласаи хусуси ва гуфтугӯ бо хонавода буд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

0
Барчаспҳо:
сафар, мухолиф, рӯзнома, беморхона, махфӣ, хабар, бемористон, Олмон, Ангела Меркел