Экс-депутат ЖК Омурбек Бабанов в аэропорту Манас после прилета из Москвы

Пас аз боздошти Отамбоев: Бабанов ба Қирғизистон бозгашт - акс

2173
(Таҷдидшуда 16:32 09.08.2019)
Сиёсатмадори пешини қирғиз Омурбек Бабанов ба Қирғизистон бозгашт

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Омурбек Бабанов ба Қирғизистон ворид шуд.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.

Омурбек Бабанов прилетел в Кыргызстан
© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Омурбек Бабанов прилетел в Кыргызстан

Гуфта мешавад, ки Бабанов пас аз фаромадан аз ҳавопаймо ба назди ҷонибдоронаш, ки ӯро интизор буданд, омадааст.

Издиҳом ӯро бо хушнудӣ пешвоз мегирад, афзудааст манбаъ.

Моҳи апрели соли равон Бабанов гуфта буд, ки ба Қирғизистон бозмегардад, вале дар рӯзи парвоз изҳор дошт, ки барои парҳез кардан аз иғво наметавонад, баргардад.

Хадамоти матбуотии КДАМ Қирғизистон гуфтааст, ки Бабанов ҳинни бозгаштан ба Қирғизистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Ин ниҳод ёдоварӣ карда, ки ду парвандаи ҷиноӣ нисбати Бабанов кушода шудааст.

Омурбек Бабанов прилетел в Кыргызстан
© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Омурбек Бабанов прилетел в Кыргызстан

Яке барои суханронии иғвогаронаи ӯ дар ноҳияи "Амир-Тимур" - и шаҳри Уш, дуюм ба далели кӯшиши забти ғайриқонунии ҳукумат.

Ёдрас мешавем, ки Алмосбек Отамбоев, собиқ раисҷумҳури Қирғизистон, ва дӯсти деринаи Омурбек Бабанов, бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек то 26 августи соли ҷорӣ ба маҳбасхонаи Кумитаи амнияти миллӣ равона карда шуд.

2173
Барчаспҳо:
Ватан, бозгашт, боздошт, Омурбек Бабанов, Қирғизистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

235
(Таҷдидшуда 12:02 03.08.2020)
Маркази байналмилалии эмгузаронии Қазоқистон нахустин бор аз коронавируси навъи COVID - 19 эмгузаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Қазоқистон нахустин довталабро аз Covid - 19 эм карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ин довталаб раҳбари Маркази байналмилалии эмгузаронии назди Донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон Кайсар Табинов шуд.

Дору, ки аз ҷониби коршиносони австралиягӣ омода шудааст, COVAX-19 ном гирифт.

"Худро бо COVAX-19 эм кардам. Феълан худро хуб ҳис мекунам. Ягон ҳолати номусоидӣ эҳсос намешавад", - гуфт Табинов.

Ба гуфти ӯ ин дору дар навбати аввал дар бадани 40 довталаб озмоиш мешавад. Пас аз се моҳ ба озмоиши оммавӣ оғоз хоҳанд кард, ки дар он 100 ҳазор нафар аз 10 кишвари дунё довталаб хоҳад шуд.

Дар ин миён, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, барои баргузории озмоиши клиникӣ бояд ҳуҷҷатҳои вижа пешниҳод шавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Вале, то имрӯз аз ҷониби Маркази байналмиаллии эмгузаронӣ ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки дар Донишгоҳи ба номи Сеченови Русия озмоиши клиникии ваксинаи зидди коронавирус анҷом ёфт.

235
Барчаспҳо:
нахустин, эмгузаронӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Представители движения Талибан, архивное фото

Дар се рӯз дар Афғонистон беш аз 4 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шуданд

109
(Таҷдидшуда 02:21 03.08.2020)
Ахиран мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки ахиран боз 317 зиндонии дигари гурӯҳи Толибон аз зиндонҳо озод карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дафтари Шӯрои амният милли Афғонистон хиран дар баёниае эълом кард, бо озодии  317 нафар аз зиндониёни гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар се рӯзи таътилоти иди Қурбон теъдоди афроди озодшудаи ин гурӯҳ аз зиндон ба 4 ҳазору 917 нафар расид, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Дар баёнияи дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон омадааст , раванди озодии зиндониёни Толибон то такмил шудани 5 ҳазору 100 зиндонӣ идома дорад. 

Дар ҳамин ҳол, Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсиии Толибон дар Қатар ҳам гуфт, ин гурӯҳ раванди озодии як ҳазор нафар аз зиндониёни давлати Афғонистонро такмил карда ва Кобул низ бояд боқимондаи зиндониёни Толибонро озод кунад.

Гуфта шудааст, ки озодии ин зиндонён яке аз пешшартҳои муҳимм барои аз саргирии музокироти байни давлати Афғонистон ва Толиибон барои поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар аст. 

Ин дарҳолест, ки гурӯҳи Толибон ҳамчунон ба ҳамалоти худ ба манотиқи мухталифи Афғонистон идома медиҳад.

109
Барчаспҳо:
мақомот, озод, зиндон, Толибон, Афғонистон
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Аз ронандаҳои маст то афзоиши садамаҳои ҳалокатовар дар Суғд

0
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд омори қоидавайронкунии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандаҳои маст ва шумори садамаҳои ҳалокатбор дар роҳ давоми шаш моҳи охирро шарҳ дод

ДУШАНЕБ, 23 авг – Sputnik. Бино ба оморе, ки дафтари матбуоти РВКД вилояти Суғд дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 ҳолати рондани воситани нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор шудааст.

“Аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ҷумла идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ 301, идораи воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ 227, идораи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозат 182, идораи воситаи нақлиёт бо аломати қайди давлатии бегона 47 ҳолат ошкор карда шуда, дар умум ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 9 милиону 17 ҳазору 750 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи РВКД.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ин давра аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ 183 ҳазору 833 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ин рақам ҳарчанд дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ ба андозаи 26, 3 ҳазор ё 12, 5 % кам аст, вале рухдоди садамаҳои ҳалокатовар ба 40 маврид ё 5, 3 % ва шумори шахсони ҳалокшуда ба 58 нафар расидааст, ки ин ба андозаи 20, 8 % зиёд шудааст.

Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

РВКД дар Суғд мегуяд, садамаҳои ҳалокатовар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳристон бештар қайд гирифта шудааст.

0