Сапар Исаков, архивное фото

Сафар Исҳоқов собиқ нахуствазири Қирғизистон бистарӣ шуд

149
(Таҷдидшуда 19:55 16.08.2019)
Собиқ нахуствазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар бемористон таҳти назорати пизишкон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Хадамоти матбуотии КДАМ Қирғизистон хабар дод, ки собиқ нахуствазири Қирғизистон бистарӣ шудааст.

Бино ба иттилои Sputnik Қирғизистон, нахуствазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов аз тобистони соли гузашта инҷониб дар "СИЗО" - и КДАМ қарор дорад.

КДАМ ду соат сарвазири пешини Қирғизистонро бозпурсӣ кард. Навор

Айни замон парвандаи нахуствазири собиқ ва чанд мақомдори баландпоя додгоҳӣ шудааст.

Исҳоқовро дар ҷонибдорӣ ва пешбарии манфиати ширкати чинии TBEA, ки ба азнавсозии Маркази барқу гармидиҳӣ машғул буд, гунаҳкор медонанд.

Нахуствазири пешини Қирғизистон муовини Отамбоев интихоб шуд

Ҳамчунин Исҳоқов ба гурӯҳи сиёсатмадороне ворид мешавад, ки онҳоро дар парванда, оиди азнавсозии Осорхонаи давлатии таърихӣ ва ипподром дар Чолпон-Ота гунаҳкор медонанд.

149
Барчаспҳо:
Сафар Исҳоқов, сарвазир, Қирғизистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Наздики 100 ҳазор кас дар Қазоқистон мубталои COVID - 19 шуданд

113
(Таҷдидшуда 19:36 09.08.2020)
Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Теъдоди беморони коронавируси навъи COVID - 19 дар Қазоқистон наздики 100 ҳазор нафар шуд, хабар медиҳад Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон.

Бино ба гузориши расмии ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст.

"Дар кишвар 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст - аз ин ҳисоб 444 ҳолат бо нишонаҳо ва 428 кас бе нишона қайд шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр то нисфирӯзии 9 август, шумораи умумии маризони коронавирус то 98,7 ҳазор кас расид.

Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

Тибқи иттилои манбаъ, пизишкон дар давоми ҳамагирии коронавирус тавонистанд беш аз 72 ҳазор касро табобат кунанд. 

Аз фардо дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ бардошта мешавад

Дар баробари ин аз аввали моҳи август дар кишвар 12 110 ҳолат сабт шудааст, ки нишонаҳояш ба бемории коронавирус монанд аст.

113
Барчаспҳо:
беморон, вируси нав, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

219
(Таҷдидшуда 15:45 09.08.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори дақиқи гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон беш аз 30 ҳазор кас гирифтори маризии COVID - 19 шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон.

Бино ба гузориши ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар 738 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шудааст.

"То 9 август дар ҳудуди Ӯзбекистон 30 197 кас мубталои коронавируси COVID - 19 шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон афзуда, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар 5 кас қурбони ин вабои аср шудааст. Шумораи умумии фавтидагон аз коронавирус ба 190 нафар расид.

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 25 ҳазор гузашт

Дар баробари ин дар Ӯзбекистон беш аз 21,3 ҳазор кас аз маризии коронавирус шифо ёфтанд.

 

Ёдрас мешавем, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавируси COVID - 19 дар бадани як мусофир, ки аз Фаронса омада буд, дарёфт гардид.

Пас аз гирифторӣ ба коронавирус кадом витаминҳоро бояд истеъмол кард?: посухи табиб

Дар Ӯзбекистон то 15 август карантин ҷорӣ гардидааст.

219
Барчаспҳо:
маризон, беморон, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Люди в масках в городе

БОР барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон иловатан 2,5 миллион доллар медиҳад

0
(Таҷдидшуда 11:27 10.08.2020)
Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,5 миллион доллар барои мубориза бо коронавирус гранти иловагӣ хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи ташкилот, тасмими додани бурсия тасдиқ шуда, он  аз фонди Осиёии Уқёнуси Ором оид ба вокуниш ба офатҳои барои дастгирии минбаъдаи вокуниши ҳукумат ба пандемияи коронавирус ҷудо карда мешавад.

"БОР комилан омода аст ба Тоҷикистон дар коҳиш додани таъсири пандемия ба саломатӣ ва иқтисодиёти кишвар мусоидат кунад" гуфт Прадеп Сривастава, намояндаи доимии ташкилот дар Тоҷикистон.

“Гранти мазкур ба Тоҷикистон дар хариди лавозимоти тиббии таъҷилӣ барои мубориза бо COVID-19 тибқи нақшаи миллии вокуниш кӯмак хоҳад кард. Мо ҳамкории зичро бо ҳукумат ва дигар шарикони рушд идома хоҳем дод, то барои вокунишҳои ҳамоҳангшуда ва самарабахш кӯмак расонем ” ,- гуфтааст, намояндаи бонк дар Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, гранти нав, аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шуда, барои беҳтар кардани ташхиси лабораторӣ ва озмоишҳо дар Тоҷикистон истифода мешавад.

Ҳамзамон, он хариди таҷҳизоти тиббӣ ва тадбирҳои дигарро барои кӯмак расонидан ба ҳукумат дар бартараф сохтани камбудиҳои шадид дар вокуниш ба пандемия пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан низ гуфта буданд, ки дар асоси созишномае БОР то охир сол ба кишвар 50 миллион доллар медиҳад.

БОР барои дастгирии муҳоҷирон ва занони Тоҷикистон 30 миллион доллар медиҳад

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки маблағи мазкур барои рӯйпӯш намудани хароҷоти давлатӣ ва идоракунии молиявӣ, амалӣ намудани ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба пешгирӣ ва табобати пандемияи бемории сироятии COVID — 19 масраф карда мешавад.

Татбиқи созишнома то охири соли молиявии 2020 ба нақша гирифта шудааст.

0