Писарамро заданд, нисбати ман парванда кушоданд: шикояти ҳамсари Отамбоев аз мақомот

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкБывший президент Кыргызстна Алмазбек Атамбаев со своей супругой Раисой Атамбаевой
Бывший президент Кыргызстна Алмазбек Атамбаев со своей супругой Раисой Атамбаевой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиса Отамбоева ҳамсари собиқ президенти Қирғизистон мегӯяд, хонаводааш аз тарафи ҳукумат таъқиб мешавад

ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Собиқ бонуи аввали Қирғизистон Раиса Отамбоева мегӯяд, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора нашриёти  nur.kz. хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки нисбати ҳамсари Отамбоев пас аз аризаи собиқ раиси шуъбаи ислоҳоти судии Дастгоҳи раисиҷумҳур, Манас Арабоев, парванда боз шудааст. Манас ҳамсари Отамбоевро дар дахолат кардан ба муҳокимаи додгоҳии ширкати сохтмонии БЛС гунаҳкор кардааст.

Раиса ин айбдориҳоро рад карда гуфтааст, ки доим кӯшиш мекард аз сиёсат дур бошад ва шахсан ягон судяро намешиносад.

"Замони бонуи авввал буданам, ман кор мекардам, то ба ҷое дахолат накунам. Имрӯз ман хабар ёфтам, ки нисбати ман ҳам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст", - гуфтааст Отамбоева.

Заместитель министра внутренних дел Курсан Асанов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хиёнат кард: барканории муовини вазир, ки бо Отамбоев гуфтушунид дошт

Дар баробари ин ҳамсари собиқ президент, қайд кардааст, ки ҳамаи узви хонаводааш таъқиб мешавад. Ӯ гуфтааст, ки нисбати писари бузургаш ҳам, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

КДАМ Қирғизистон: Отамбоев мехост табаддулоти давлатӣ кунад

Отамбоева мегӯяд писарашро сахт латукӯб кардаанд ва ӯ дар гипс маҷбур, ҳар рӯз барои бозпурсӣ ба КДАМ меравад.

Ҳамчунин Отамбоева шикоят кардааст, ки чанд рӯз боз, ба хонааш - қароргоҳи собиқ президент дар Ала-Арча даромада наметавонад ва музди чанд моҳи охирашро наметавонад бигирад.

Хонаҳо, мошинҳо, ширкатҳою суратҳисобҳо: нашри рӯйхати дороии Отамбоев ва оилааш

Ёдрас мешавем, ки Додситонии кулли Қирғизистон феҳрасти дороиҳои марбут ба Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури пешин ва хонаводаашро нашр кард.

Ба феҳрасти нашршуда мошинҳо, хонаҳо, суратҳисобҳои бонкӣ, ширкатҳо ва дигар дороиҳо шомил мебошанд.

Таҳдиди то 10 соли зиндон ба генерал Асанов баъди музокира бо Отамбоев

Дар рӯйхати амволи ҳабсшудаи зани собиқ президент, Отамбоева Раиса Минахмедовна - Toyota Land Cruiser соли истеҳсолаш 2004, Mercedes Benz 1994 сол, ГАЗ 3110 1999 сол, хона дар бинои бисёрошёна дар кӯчаи Маскав ва хонаи заминӣ дар тангкӯчаи Новооктябрски Бишкек номбар шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0