Як кӯҳнаварди қазоқ ҳалок ва ҷустуҷӯйи дуи дигар идома дорад

CC0 / Wikipedia / Пик Победы, архивное фото
Пик Победы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷустуҷӯйи кӯҳнавардони қазоқ, ки бинобар бад шудани боду ҳаво дар доманакӯҳҳои Қирғизистон ба таъхир гузошта шуда буд , аз сар гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Сар аз рӯзи якшанбе ба ҷустуҷӯйи кӯҳнавардони бедаршуда аз Қазоқистон, чархболҳо бо шумули кӯҳнавардони қирғизу қазоқ ва ҳачунин низомиёну наҷотбахшон ҷалб карда шуданд, хабар медиҳад сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Қазоқистон Нурсултон Нураҳмадов.

Альпинисты в горах - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон кӯҳнаварди рус ба ҳалокат расид

Ба иттилои вай, чархболҳо дигарбора пас аз устувор шудани боду ҳаво ба ҷустуҷӯйи кӯҳнавардони Қазоқистон баромаданд.

Ҳалокати даҳ кӯҳнавард дар навбатпоӣ барои тай кардани Эверест-видео

"Се кӯҳнаварди қазоқ - Александр Чечулин, Мурат Отепбаев ва Андрей Корнеев аз рӯзи 4 уми август барои фатҳи қуллаи Ғалаба ба кӯҳ баромаданд. Рӯзи 15 - уми август бинобар бемор шудани Чечулин кӯҳнавардон хабар доданд, ки ба таври истирорӣ аз кӯҳ фурӯд меоянд. Аснои поён фаромадан, кӯнавардон дар иҳотаи тарма мемонанд ва қисмати зиёди таҷҳизоташон зери тарма мемонад", - гуфта мешавад дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Қазоқистон.

Зимнан, манбаъ қайд намудаст, ки кӯҳнавардон рӯзи 16 - уми август маротибаи охирон ба тамос баромада, гуфтанд, ки ҳамраҳи онҳо Чечулин фавт кард. Ба ҳамин тамос бо кӯҳнавардон дигар имконнопазир шуд.

Баъди садама: дар кӯҳҳои Тоҷикистон як гурӯҳи дигари кӯҳнавордон дармонданд

Рӯзи сешанбе Федератсияи кӯҳнавардии Қазоқистон изҳор намуд, ки акнун зинда пайдо намудани кӯҳнавардон ғайриимкон аст.

Маврид ба зикр аст, ки чархболи гурӯҳи наҷотбахшон рӯзи сешанбе бинобар бад будани дамои ҳаво натавонист парвоз анҷом диҳад. Аз ин рӯ ҷустуҷӯйи кӯҳнавардон аз субҳи дирӯз оғоз ёфт.

Лентаи хабарҳо
0