Тюрьма, архивное фото

Авфи 65 нафар маҳбус дар арафаи ҷашни Истиқлолият

1336
(Таҷдидшуда 11:45 28.08.2019)
Раисҷумҳури Узбакистон дар арафаи 28 - умин солгарди рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, қарори авф намудани 65 маҳбусро ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар Узбакистон бахшида ба ҷашни 28- умин солрӯзи Истиқлолияти кишвар, 65 нафар маҳбус аз зиндон раҳо хоҳанд шуд, хабар медиҳад Вазорати адлияи ин кишвар.

Бар хабари манбаъ, вобаста ба авфи маҳбусон раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев аллакай қарори дахлдорро ба тасвиб расонд ва бар тибқи қарори имзошуда мавриди авф нафароне қарор мегиранд, ки аз ҷинояти содиркардаашон изҳори пушаймонӣ намуда ва ба роҳи ислоҳ иқдом гирифта истодаанд.

Хатар ба ҷомеа доранд: Раҳмон дархости авфи 99 зиндониро рад кард

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки дар байни авфшудагон 17 нафар комилан аз адои ҷазо раҳо гардида, 13 маҳбуси дигар пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шуданд.

Зимнан 20 шаҳрванди дигар Узбакистон, ки дар зиндонҳои ин кишвар адои ҷазо мекунанд, бо амри раисҷумҳур бо ҷазои сабуктар иваз карда шуданд.

Илова бар ин, мӯҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати  14 нафар кам карда шуда, як нафар аз ҷазо дар шакли маҳдуд кардани озодӣ озод карда шудааст.

Навҷувонов гуфт, ки Тоҷикистон кадом шаҳрвандони "доиш"-иашро бахшид

Маврид ба зикр аст, ки миёни афвшудагон чаҳор зан, синни як нафарашон  беш аз 60-сол буда, як маҳбус  шаҳрванди давлати хориҷӣ  ва ҳамчунин 39 нафар шаҳрвандоне мебошанд, ки дар фаъолияти ташкилотҳои мамнӯъ ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Узбакситон моҳи декабри соли 2017 бори нахуст қарор дар мавриди авфи маҳбусон ба имзо расонида буд.  Аз он вақт инҷониб, Мирзиёев ҳафт бор дар нисбати 3 952 нафар авф тадбиқ намуда буд.

1336
Барчаспҳо:
авф, Узбакистон