Бойцы Талибан в Провинции Нанганхар, архивное фото

Писари Аҳмадшоҳи Масъуд хостори ташкили эътилоф зидди Толибон шуд

853
(Таҷдидшуда 10:42 29.08.2019)
Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони фақиди Афғонистон бар зарурати ташкили эътилоф зидди гурӯҳи Толибон таъкид кард

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Аҳмад Масъуд дар Кобул гуфт, басиҷи гурӯҳҳои зидди Толибон барои ҷилавгирӣ аз давраи ҷадиде аз қудрати ин гурӯҳ зарурӣ аст, иттилоъ додааст хабаргузории parstoday.

Бино бар иттилои манбаъ, писари Аҳмадшоҳи Масъуд бо интиқод аз тавофуқи эҳтимолӣ байни Амрико ва гурӯҳи Толибон афзуд, ин тавофуқ навъе ҳисси пирӯзӣ ба Толибон хоҳад дод ва ба террористҳо машрӯият хоҳад бахшид.

Вай таъкид кард, тавофуқи эҳтимолии Амрико ва гурӯҳи Толибон таҳти раҳбарии афғонҳо нест.

Аҳмад Масъуд ҳамчунин гуфт, қасд дорад рӯзи панҷшанбеи панҷуми сентябр (14 шаҳривар) ба таври расмӣ оғози кори ҷунбиши сиёсии худро дар Панҷшер (зодгоҳи хонаводагии худ) дар шимоли Кобул эълом кунад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар Давҳа давраи ҳафтуми музокирот миёни ҷунбиши “Толибон” ва Амрико , ки қаблан то 9 июли соли равон муатвақиф шуда буд, баргузор шуда буд.

Суҳайл Шоҳин, намояндаи расмии дафтари сиёсии ҷунбиши “Толибон” дар Қатар.
пас аз анҷоми музокирот ба хабарнигорон гуфта буд, ки танҳо пас аз эълони нақшаи хуруҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ аз хоки Афғонистон, ҷунбиши “Толибон” омода аст бо ҳукумати Афғонистон музокироти мустақим барпо кунад.

853
Барчаспҳо:
ҷунбиши Толибон, Толибон, эътилоф, Аҳмадшоҳ Масъуд, Афғонистон, Тоҷикистон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Мақомоти Ӯзбекистон боз қарантина эълон кард: маҳдудиятҳо шадидтар шуданд

887
(Таҷдидшуда 02:30 10.07.2020)
Аз 10-уми июл тамоми қаламрави Ӯзбекистон ба минтақаи “сурх” шомил ва ҳаракати нақлиёт дубора ба таври оммавӣ мамнӯъ эълон шуд

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Шоҳрух Ғиёсов,  сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон қайд кардааст, ки дар рӯзҳои қарантин фақат фаъолияти мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо мутаваққиф сохта намешавад. Ҳамаи нуқтаҳои хӯрокворӣ, ки қаблан иҷозаи фаъолият дода шуда буд, танҳо мувофиқи фармоиш кор мекунанд ва хӯроквориро барои супоришдиҳандагон ба манзилашон мерасонанд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

“Агар то ҷорӣ шудани қоидаи нави қарантин миёни шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд равуо бидуни монеа сурат мегирифт ва одамон метавонистанд худро ба ҷои корашон расонанд, акнун дар равуои озоди онҳо низ маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд”, – гуфтааст  Шоҳрух Ғиёсов.

Вай афзудааст, ки мошинҳои дорои иҷозанома метавонанд, дар шаҳри Тошканд ва соири ноҳияҳои он бидуни монеа ҳаракат кунанд.

Дар ҳамин ҳол Комиссияи махсуси ҳукуматии мубориза бо пахши коронавирус эълом дошт, ки дубора як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, мувофиқи қонунгузориҳо ниҳодҳо ва ташкилотҳои давлатӣ кормандони худро ба рухсатӣ мефиристанд ва қисмати боқимонда фаъолияти худро бар тариқи фосилавӣ идома медиҳанд.

Дар корхонаву муассисаҳо аз баргузор намудани ҷамъомадҳо ҷилавгирӣ мешавад ва чорабиниҳо аз тариқи видеоӣ баргузор мегарданд.

Ҳпмзамон Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни як ҷаласаи видеоӣ изҳор кард, ки кишвараш як давраи хеле мураккабу вазнинро паси сар мекунад. Вай аз роҳбарони тамоми идораҳо ва мардум даъват кард, ки ин санҷишро бо сарбаландӣ сипарӣ намоянд.

Бояд қайд кард, ки то санаи 9 июл дар Ӯзбекистон 42 нафар бар асари сирояти коронавирус вафот карданд.

887
Барчаспҳо:
мақомот, маҳдудият, мамнуъ, нақлиёт, ҳаракат, Ӯзбекистон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Дархости Мирзиёев: ба худдавоӣ аз коронавирус машғул нашавед, ки оқибати хуб надорад

555
(Таҷдидшуда 15:37 09.07.2020)
Шавкат Мирзиёев аз шаҳрвандони Ӯзбекистон даъват намуд, ки ба ҳаёти худ ва наздиконашон беаҳамият набошанд. Ӯ мегӯяд дар сурати пайдо шудани нахустин нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табибон муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як муроҷиати видео ба шаҳрвандони ин кишвар аз хусуси мубориза бурдан бо маризии коронавирус ҳарф зад.

"Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди идома ёфтани пандемияи коронавирус ҳастем. Мавҷи дуюми ин беморӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сар задааст, ки бисёр нигаронкунанда аст", - афзудааст Мирзиёев.

Ба гуфтаи вай, мутаассифона, ҳеҷ гуна "доруи сеҳрноке" вуҷуд надорад, ки барои зуд бартараф кардани пандемия кӯмак кунад.

Раисҷумҳур зикр намуд, ки Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Ӯ таъкид намуд, ки маҳз талоши пизишкон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, ки вазъи нисбатан мӯътадили эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дуои Мирзиёев дар ҳаққи Назарбоев: "дар ин айёми душвор ман бо шумоям"

Аммо кишвардори Ӯзбекистон аз бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир изҳори нигаронӣ кард.

Баргузор гардидани тӯю маъракаҳо, риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ва гашту гузор бидуни ниқобро, раисҷумҳур аз омилҳои асосии бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир арзёбӣ кард.

"Дар ҳафтаи аввали моҳи июл шумораи шахсони мубталои коронавирус 2167 нафар афзоиш ёфт. Аз он ҷумла, 1,267 (58%) ҳодиса дар байни аҳолӣ ошкор карда шудааст. Ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи карантин мебошад. Мутаассифона, шумораи фавтҳо низ афзоиш меёбад, ки ин ҳолат бояд ҳамаи моро нигарон кунад", - таъкид намуд президент.

Гузашта аз ин Мирзиёев ба бепарвогии шаҳрвандон нисбати ин маризӣ таъкид намуда, дархост кард ,ки ба худдавоӣ дар хона машғул нашаванд, чун оқибати ин кор ба хубӣ намеанҷомад.

"Бори дигар ба ҳамватанони мо муроҷиат мекунам: набояд ба ин бемории хатарноке, ки ҳаёти ҳазорон нафарро рабуд беэътиноӣ кунед. Агар нишонаи ночизе аз ин бемориро дар вуҷуди худ эҳсос намудед, пас фавран ба духтур муроҷиат кунед. Дар хона худмуолиҷаигӣ накунед, ки оқибати нохуб, ҳатто боиси марг шуда метавонад. Ба ҳаёти худ ва аъзои оилаатон бепарво набошед", - даъват намуд Шавкат Мирзиёев.
555
Барчаспҳо:
мардум, дархост, Шавкат Мирзоев
День 11 июля

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:26 10.07.2020)
Рӯзи ёздаҳуми июл Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ ва рӯзи байналмилалии шоколад мебошад. Дар ин рӯз дар Тоҷикистон, Султон Усмонов (1958) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба дунё омадааст

Рӯзи 11 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1700 дар Берлин Академияи илмҳои Германия таъсис дода шуд.

Соли 1890 аввалин маротиба дар таърихи Ҷопон интихоботи сиёсӣ баргузор гардид.

День 10 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Ссоли 1933 дар Женева Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати маводи мухаддир созмон дода шуд.

Соли 1950 дар Англия аввалин  барномаи машҳури кӯдаконаи телевизиони ББС «Andy Pandy» пахш шуд.

Соли 1982  Италия маротибаи сеюм Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Он дар даври финалӣ дастаи Германияро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Соли 2006 дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Мумбайи Ҳиндустон 190 нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ оид ба масъалаҳои минаҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, ҷиҳати ҷудо намудани 20 миллион доллар барои дастгирӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба имзо расид.

День 9 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2007 дар Душанбе мағозаи нахустини бренди “Адидас” кушода шуд.

Соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи омӯзишии фурӯзонакҳои каммасраф сохта шуд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени «Сеситорагии дараҷаи 1» бо занҷираи заррин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Валдис Затлерсро бо Ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1» сарфароз гардониданд.

Соли 2009 Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, зимни як амалиёти махсус оид ба безараргардонии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Тавилдара кушта шуд.

Соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2010-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Соли 2013 маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси тиббии судӣ ба фаъолият оғоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл

  • Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ.
  • Рӯзи байналмилалии шоколад.

Рӯзи 11 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 1920 — Юл Бриннер (соли даргузашт 1985), ҳунарманди амрикоӣ - зодаи Русия.

Соли 1934 - Джорджио Армани, мудели арманӣ, асосгузори ширкати Armani.

Соли 1976 — Эдгард Запашний, артист, ҳунарманди халқии Русия.

Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Борис Баршаковский (1916- 1987)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Валентина Бикова (1936) – Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Александр Денисов (1938) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Павел Евтеев (1914-1989)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Сироҷиддин Комилов (1950) – доктори илми иқтисод, профессор.

Александр Осипов (1906- 1986)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Пир Садиров (1911 – 1993) – Ҳофизи халқи Тоҷикистон.

Мақсуд Умаров (1954) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Султон Усмонов (1958) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Шери Дўст (1958)- шоир.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон