Митинг арендаторов на Ошском рынке

Тазоҳуроти савдогарони бозор ва талаби вохӯрӣ бо раиси шаҳр - акс

1300
Мақомот нақша дорад дар ҷои бозори "Берекет универсал" - и шаҳри Ош маркази бузурги савдо бунёд намояд. Дар чунин ҳол савдогарон аз нуқтаҳои савдояшон маҳрум хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Беш аз 500 савдогарони шаҳри Ош ба тазоҳурот баромаданд. Онҳо талаб доранд, ки раиси шаҳр ва вакили Жогорку Кенеш - Азиз Суракматов ба наздашон барояд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Гуфта мешавад, ки тазоҳургарон дар бозори "берекет универсал" кор мекунанд.

"Мо талаб дорем, ки ин ҷо бозори давлатӣ шавад, чун ин замини давлат аст. Моҳи апрел нерӯи барқро ин ҷо куштанд, посбононро дур карданд, акнун мо худамон молҳоямонро посбонӣ мекунем. Агар раис биёяд мо мепурсем, ки чаро ӯ манфиати шахсони хусусиро дастгирӣ мекунад", - гуфт савдогари бозор Маҳмуд Губайдулин.

Митинг арендаторов на Ошском рынке
© Sputnik / Эламан Карымшаков
Митинг арендаторов на Ошском рынке

Манбаъ афзуда, ки мақомот нақша дорад дар ҷои бозори "Берекет универсал" - и шаҳри Ош маркази бузурги савдо бунёд намояд. Савдогаронро маҷбур мекунанд то аз нуқтаҳои савдояшон даст кашида ҷойро холӣ кунанд. Бар ивази нуқтаи фурӯш ба онҳо хариди ҷой дар маркази навро пешниҳод доранд.

Митинг арендаторов на Ошском рынке
© Sputnik / Эламан Карымшаков
Митинг арендаторов на Ошском рынке

Моҳи апрел раҳбарияти бозор савдогаронро аз қувваи барқ маҳрум карданд, ки дар натиҷа моли савдогарон, ки дар яхдонҳо нигоҳ дошта мешуд, ҳама вайрон шуда ба савдогарон зарари зиёди молӣ гузаронид.

Ҳукумат дар ин бора ба савдогарон гуфта буд, ки наметавонад қазияро ҳал кунад, чун замин ба шахсони воқеъӣ тааллуқ дорад.

Соли гузашта дар бозори шаҳри Ош чандин маротиба сӯхтор ба амал омада буд, ки ба савдорагон зарари калони молиявӣ расонд.

1300
Барчаспҳо:
вохӯрӣ, гирдиҳамоӣ, савдогарон, тазоҳурот, Қирғизистон
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев, архивное фото

Тоқаев бо ҷамъи шаҳрвандони Қазоқистон хотири қурбониёнро пос доштанд - навор

81
Нимаи дуюми рӯз, раисҷумҳур, мансабдорону вакилон, пизишкон ва шаҳрвандони оддӣ ба кӯчаҳо баромаданд, то хотири қурбониёни COVID - 19 -ро пос бидоранд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Дар Қазоқистон имрӯз Мотами миллӣ эълон гардидааст. Дар робита ба ин, раисҷумҳур Қосим - Жомарт Тоқаев бо ҷамъи мансабдору вакилон, пизишкону шаҳрвандони оддӣ, хотири қурбониёни маризии коронавирусро пос доштанд.

Гуфта мешавад, дар сартосари Қазоқистон имрӯз парчамҳо поён фароварда шуда, ҳамчунин баргузории тамоми чорабиниҳои фароғатӣ манъ карда шудааст.

Дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами миллӣ эълон шуд

Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад, ки соати 12: 00 дақиқа, назди майдони Акорд, раисҷумҳур, мансабдорон ва аъзоёни сенат ҷамъ омада, барои поси хотири қурбониён чанд лаҳза сукутро ихтиёр карданд.

Гузашта аз ин, пизишкон низ барои поси хотири ҳампешагони худ ба кӯчаҳо баромаданд. Таъкид мешавад, ки дар дасти аксар пизишкон расми нафароне буд, ки қурбони ин маризӣ гардидаанд.

Аз оғози пандемия дар Қазоқистон қариб 60 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус ошкор карда шуд.  Беш аз 34 ҳазор нафар шифо ёфтанд, аммо 375 нафар қурбон шуданд.

81
Барчаспҳо:
навор, мотами миллӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон

1493
(Таҷдидшуда 14:54 12.07.2020)
Рӯзи панҷум мешавад, ки дар Ӯзбекистон шумораи рекордии сироятшудагон ба бемории коронавируси навъи COVID - 19 сабт мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи рекордии гирифторони вабои аср ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Бар пояи омори ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар ҳудуди Ӯзбекистон 500 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавруси навъи COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Шумораи умумии беморон аз 12,7 ҳазор кас бештар шуд.

"То 12 июли соли равон дар ҳудуди Ӯзбекистон 12 706 кас аз бемории коронавирус сироят шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки давоми панҷ рӯзи охир теъдоди гирифторони ин маризӣ дар ҳоли афзоиш аст: 11 июл 483 ҳолат, 10 июл - 464, 9 июл - 421, ва 8 июл – 379.

Тибқи иттилои манбаъ, шумораи умумии шифоёфтагон дар Ӯзбекистон  7,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир 4,9 ҳазор маризи COVID-19 таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Духтурон мегӯянд, ҳоли 45 шаҳрванд вазнин буда, авзоъи боз ҳафт бемори дигар ваҳим арзёбӣ мешавад.

Дар баробари ин дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон се нафар аз коронавирус фавтид.

Дар умум аз рӯзи аввали сабти ин беморӣ дар қарамрави Ӯзбекистон то кунун 58 нафар қурбони ин вабо шудааст.

 

Дар Ӯзбекистон дар робита ба дубора авҷ гирифтани бемории коронавирус то 1 август ҳаракати нақлиёт манъ карда шуда, барои ашхоси аз 65-сола боло ҳамарӯза ва барои дигар қисми аҳолӣ рӯзҳои истироҳат қарантина эълон шудааст.

1493
Барчаспҳо:
афзоиш, гирифторони беморӣ, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сотрудник охраны рынка Мехргон проверяет температуру у посетителя

Вазорат: 80%-и гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон шифо ёфтанд

37
(Таҷдидшуда 19:59 13.07.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 аз 30 апрел то 13 июл дар Тоҷикистон ба 6 ҳазору 595 нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 5 ҳазору 278 нафар ё худ 80%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 55 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 184 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 50 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Таъкид шуд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.

37