Судебные процессы по делу бывшего президента Алмазбека Атамбаева.

Дастафшонии Отамбоев аз тирезаи бинои КДАМ ба наздикон ва ҷонибдоронаш - навор ва акс

1203
(Таҷдидшуда 13:51 04.09.2019)
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад. имрӯз дар бинои боздоштгоҳи мазкур ҷасалаи додгоҳӣ аз рӯйи шикоятҳои вакили мудофеаш баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев сӯйи пайвандон ва ҷонибдоронаш, ки назди бинои боздоштгоҳи КДАМ меистоданд, аз тирезаи як утоқи боздоштгоҳ дастафшонӣ намудаст.

 

Судебные процессы по делу бывшего президента Алмазбека Атамбаева.
© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Судебные процессы по делу бывшего президента Алмазбека Атамбаева.

 

Наздикону ҷонибдоронаш назди тирезаи утоқе дар КДАМ ҷамъ омаданд ва Отамбоевро дар дохили ин утоқ диданд. Онҳо бо хурсанди суйи Отамбоев даст меафшонданд ва ӯ низ дар ҷавоб ба онҳо муддате дасташро боло карда буд.

Манбаъ меафзояд, ки аз наздикони собиқ раисҷумҳур назди бинои КДАМ ҳамсари ӯ Раиса Отамбоева, писараш Қодир, мушовираш Кундуз Жолдубоев ва ҳамчунин вакилони мудофеи ӯ Сергей Слесарев ва Замин Жоошев ҷамъ омада буданд.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар бинои КДАМ шикояти вакилони мудофеи Отамбоев дар бораи тамдиди чораи пешгирӣ (ҳабс) то 26 октябр ва "ҳабси ғайриқонунии раисҷумҳури  собиқ" баррасӣ мешавад.

1203
Барчаспҳо:
Алмосбек Отамбоев, Қирғизистон