Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан. 7 августа 2019 года

Инфиҷори навбатӣ дар Кобул ҷони 8 нафарро рабуда 30 тани дигарро маҷрӯҳ кард

44
(Таҷдидшуда 15:56 05.09.2019)
Масъулияти ҳамлаи интиҳориро ҷангиёни Ҷунбиши Толибон бар ӯҳда гирифтанд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik.  Субҳи имрӯз назди бинои Раёсати амнияти милли Афғонистон дар шаҳри Кобул мошини бомбгузоршуда мунфаҷир шудаст, хабар медиҳад РИА Новости.

Бар хабари манбаъ, дар натиҷаи таркиши мазкур дасти кам 8 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Тибқи гузоришҳои ахир бар асари таркиш  беш аз 30 нафар ҷароҳат бардоштанд.

​Феълан макони таркишро кормандони пулис муҳосира намудаанд ва гуфта мешавад 12 адад мошин, ки дар гириди бинои мазкур қарор дошта буданд, корношоям гардиданд.

Таркиши бомб дар Кобул ҷони 16 касро рабуд ва беш аз 100 нафарро маҷрӯҳ кард

Зимнан хабар дода мешавад, ки Шоҳшакдарра, ки ҳадафи ҳамлаи толибон қарор гирифтаст дар ин макон дафтари НАТО, сафорати Амрико ва чанд идораи давлатӣ воқеъ аст.

Пас аз сар задани ҳамлаи интиҳорӣ ҷангиёни Толиб масъулияти ҳамалотро ба уҳда гирифтанд.

44
Барчаспҳо:
ҳалокат, таркиш, Афғонистон