Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Мирзиёев ба қонун дар бораи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ тағйирот ворид кард

1579
(Таҷдидшуда 18:43 06.09.2019)
Шавкат Мирзиёев қонун "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурияти Узбакистон дар робита бо такмили қонунгузорӣ дар соҳаи амният ва мудофиа" -ро имзо кард.

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар Узбакистон низоми нави даъвати наваскарон ба сафи артиш ҷорӣ карда шудаст, хабар медиҳад сомонаи расмии Telegram - и  Вазорати мудофиаи ин кишвар.

Бар хабари манбаъ, қонуни дахлдорро раисҷумҳури ин кишвар  Шавкат Мирзиёев  аллакай ба имзо расонидаст.

Гуфта мешавад, тағйирот аслан ба давомнокии хидмати ҳарбӣ равона гардидаст.

Фармони нави Раҳмон дар бораи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ

Агар қаблан мӯҳлати хизмат барои ҳайати қаторӣ ва ҳайати сержантҳо 12 моҳ ва барои афсароне, ки  тариқи даъват дар мақомҳои ҳайати афсарӣ хизмат мекунанд 9 моҳро ташкил медод, ҳамакнун бо ворид гардидани тағйиру иловаҳои нав хизмати ҳарбӣ дар сафи артиш  барои ҳама як солро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, ҳоло дар макотиби таҳсилоти умумӣ ё муассисаи миёнаи умумӣ ба рӯйхатдаровардани ҷавонон синни даъват моҳҳои  апрел - майи охири соли хониш сурат мегирад.

Дар ҳоле, ки қаблан ин маросим моҳҳои апрел- май,  асное расидани синну соли ҷавонон ба 16 ба рӯйихат мегирифтанд.

1579
Барчаспҳо:
тағйирот, хизмати ҳарбӣ, Шавкат Мирзоев, Узбакистон
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев, архивное фото

Тоқаев бо ҷамъи шаҳрвандони Қазоқистон хотири қурбониёнро пос доштанд - навор

72
Нимаи дуюми рӯз, раисҷумҳур, мансабдорону вакилон, пизишкон ва шаҳрвандони оддӣ ба кӯчаҳо баромаданд, то хотири қурбониёни COVID - 19 -ро пос бидоранд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Дар Қазоқистон имрӯз Мотами миллӣ эълон гардидааст. Дар робита ба ин, раисҷумҳур Қосим - Жомарт Тоқаев бо ҷамъи мансабдору вакилон, пизишкону шаҳрвандони оддӣ, хотири қурбониёни маризии коронавирусро пос доштанд.

Гуфта мешавад, дар сартосари Қазоқистон имрӯз парчамҳо поён фароварда шуда, ҳамчунин баргузории тамоми чорабиниҳои фароғатӣ манъ карда шудааст.

Дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами миллӣ эълон шуд

Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад, ки соати 12: 00 дақиқа, назди майдони Акорд, раисҷумҳур, мансабдорон ва аъзоёни сенат ҷамъ омада, барои поси хотири қурбониён чанд лаҳза сукутро ихтиёр карданд.

Гузашта аз ин, пизишкон низ барои поси хотири ҳампешагони худ ба кӯчаҳо баромаданд. Таъкид мешавад, ки дар дасти аксар пизишкон расми нафароне буд, ки қурбони ин маризӣ гардидаанд.

Аз оғози пандемия дар Қазоқистон қариб 60 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус ошкор карда шуд.  Беш аз 34 ҳазор нафар шифо ёфтанд, аммо 375 нафар қурбон шуданд.

72
Барчаспҳо:
навор, мотами миллӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон

1484
(Таҷдидшуда 14:54 12.07.2020)
Рӯзи панҷум мешавад, ки дар Ӯзбекистон шумораи рекордии сироятшудагон ба бемории коронавируси навъи COVID - 19 сабт мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи рекордии гирифторони вабои аср ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Бар пояи омори ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар ҳудуди Ӯзбекистон 500 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавруси навъи COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Шумораи умумии беморон аз 12,7 ҳазор кас бештар шуд.

"То 12 июли соли равон дар ҳудуди Ӯзбекистон 12 706 кас аз бемории коронавирус сироят шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки давоми панҷ рӯзи охир теъдоди гирифторони ин маризӣ дар ҳоли афзоиш аст: 11 июл 483 ҳолат, 10 июл - 464, 9 июл - 421, ва 8 июл – 379.

Тибқи иттилои манбаъ, шумораи умумии шифоёфтагон дар Ӯзбекистон  7,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир 4,9 ҳазор маризи COVID-19 таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Духтурон мегӯянд, ҳоли 45 шаҳрванд вазнин буда, авзоъи боз ҳафт бемори дигар ваҳим арзёбӣ мешавад.

Дар баробари ин дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон се нафар аз коронавирус фавтид.

Дар умум аз рӯзи аввали сабти ин беморӣ дар қарамрави Ӯзбекистон то кунун 58 нафар қурбони ин вабо шудааст.

 

Дар Ӯзбекистон дар робита ба дубора авҷ гирифтани бемории коронавирус то 1 август ҳаракати нақлиёт манъ карда шуда, барои ашхоси аз 65-сола боло ҳамарӯза ва барои дигар қисми аҳолӣ рӯзҳои истироҳат қарантина эълон шудааст.

1484
Барчаспҳо:
афзоиш, гирифторони беморӣ, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото

"Тоҷик Эйр" шаҳрвандони дармонда дар Кореяро ба Тоҷикистон меорад

0
(Таҷдидшуда 17:40 13.07.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ кардани як парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Сеул - Душанбе дастур додааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" бо мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон 21 июли соли равон  парвози чартерӣ дар масири Душанбе-Сеул-Душанберо ба нақша гирифтааст. 

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муроҷиат намуда, барои пур кардани саволнома аз пайванди зерин истифода намоянд. 

Вазорати умури хориыии Тоҷикистон таъкид кардааст, шаҳрвандони хориҷие, ки қабл аз баста шудани марзҳо раводиди Ҷумҳурии Кореяро дастрас кардаанд, имкони парвоз ба Сеулро доранд.

Инчунин мушаххасоти сафорати Тоҷикистон дар Сеул, аз ҷумла рақамҳои телефон, +82 027922535, +82 1059399339, +82 1059379861 ва почтаи электронии tjkoreaemb@mfa.tj ироа кардааст.

Қаблан парвозҳои махсуси чартерӣ барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия, Туркия, Аврупо, АМА, Белорусия ва дигар давлатҳо анҷом дода шуданд.

0
Барчаспҳо:
Тоҷик Эйр, бозгашт, парвоз, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон