Свадебная пара

Хонадоршавии наврасони 15-сола дар Қазоқистон - видео

307
(Таҷдидшуда 15:13 09.09.2019)
Духтари наврас мегӯяд бозгашт ба хонаи волидон барояш шармандагӣ аст

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Дар Қазоқистон наврасони 15-сола тӯй барпо карда хонавдор шуданд.

Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.

Тӯйи наврасон дар шаҳри Аткауи Қазоқистон миёни мардум овоза шудааст. Ҷуфти ҷавон дар коллеҷ таҳсил мекунанд ва ба синну соли худ нигоҳ накарда қарор кардаанд, оила барпо кунанд.

Арӯс гуфтааст, ки ӯро дуздидаанд ва бозгашт ба хонаи волидон барояш шармандагӣ аст. 

"Соли таваллуди ҳардуямон 2004 аст. Мо 15-сола ҳастем. Ҳамроҳи волидони ҳамсарам дар Аткау зиндагӣ мекунем. Мо се-чор моҳ ошноӣ доштем ва қарор кардем оиладор шавем. Албатта волидонам нахуст норозӣ буданд. Маро дуздиданд. Чун мегӯянд, бадтар аз бозгашти духтари шавҳаркарда ба манзили волидонаш чизе нест, ман қарор кардам дар хонаи ҳамсарам монам. Мо ҳамдигарро дӯст медорем", - навиштааст арӯс дар интернет.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

@rakhmandulla ♥️

Публикация от RakhmandullaAsem❤️ (@mukhamedinova_10)

Арӯс аксҳои маросими туяшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст. 

Аз таърихи рӯзи нашр бармеояд, ки маросими тӯй ҳанӯз тобистони соли 2019 баргузор шудааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

❤️

Публикация от RakhmandullaAsem❤️ (@mukhamedinova_10)

Бархе аз корбарон мегӯянд, мумкин ин ҷуфт хонадоршавиашонро қонунӣ сабт накардаанду танҳо никоҳи мусулмонӣ гузаронидаанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Жалгасы....❤️

Публикация от RakhmandullaAsem❤️ (@mukhamedinova_10)

Тибқи қонун дар Қазоқистон танҳо ҷавонони аз 18-сола доранд ҳуқуқ доранд оила барпо кунанд. Танҳо дар сурати истисно САҲШ метавонад сатби хонадоршавиро то ду сол поён барад.

Барпо кардани оила миёни наврасони то 18 сола танҳо бо аризаи розигии падару модари тарафҳо иҷзоа дода мешавад.

307
Барчаспҳо:
тӯйи хонадоршавӣ, тӯй, Қазоқистон