Толибон як минтақаи наздисарҳадии Афғонистонро ишғол намуданд

© AP / Allauddin KhanЧлены террористического движения "Талибан" в Афганистане
Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари задухӯрд миёни ҷангиёнти толиб ва мақомоти амниятии Афғонистон дастикам 28 ҷангӣ бо шумули фармондеҳи онҳо маҳв шуданд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ҷангҷӯёни ҳаракати  Толибон ноҳияи Янги-Калъаи Афғонистонро, ки дар вилояти Тахор дар сарҳади Тоҷикистон ҷойгир аст, забт карданд, хабар медиҳад шабакаи Tolo news бо такя ба иттилои ҳукумати маҳаллӣ.

Ашраф Ғанӣ барои мулоқот бо Трамп ба Вашингтон меравад

Бар хабари волии ин минтақа Ҷавод Ҳиҷрӣ, ҷангиёни толиб ду рӯз қабл ба манотиқи Янги - Қалъа зада даромаданд.

"Феълан мақомоти амниятии Афғонистон кӯшиш доранд, минтақаи ишғолкардаи толибонро бозпас бигиранд. Алъон барои дубора гирифтани ин вулусволӣ аз дасти Толибон даргири миёни онҳо ва мақомоти афғон идома дорад", - афзудааст волии Янги - Қалъа.

Зимнан Ҳиҷрӣ илова намуд, ки дар натиҷаи даргирӣ миёни толибон ва мақомоти амниятӣ, 28 нафар ҷангиён кушта шуданд ва фармондеҳи онҳо Мулло Имомуддин низ маҳв гардид.

Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти афғон Толибонро дар марз мағлуб намуданд ва минтақаи Чоҳобро бозпас гирифтанд

Бояд қайд кард, ки ҷангиёни толиб ин  минтақаро пас аз он ки нерӯҳои Афғонистон онро тарк карданд, забт намуданд.

Мақомоти афғон танҳо ба хотири пешгирӣ аз талафоти аҳолии мулкӣ маҷбур шуданд,то қаламрави  ин минтақаро тарк кунанд. 

Толибон чанд манотиқи наздимарзӣ бо Тоҷикистонро ишғол намуданд

Зимнан гуфта мешавад, ки мақомоти амниятии Афғонистон, ҷангиёни толибро то ҳол ба минтақаҳои марказӣ роҳ намедиҳанд ва даргириҳо ҳамоно идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки давоми як ҳафтаи охир ҷангиёни толиб аллакай ду минтақаи наздисарҳадиро ишғол намудаанд. Қаблан Толибон вулусволии Анор- Дара воқеъ дар музовоти Фараҳро забт намуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0