Афганские талибы, архивное фото

Вазъ ором аст: мақомоти афғон манотиқи забт намудаи Толибонро бозпас гирифтанд

214
(Таҷдидшуда 15:43 14.09.2019)
Ҳамакнун вазъият дар минтиқаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ором аст ва мақомоти амниятии Афғонистон тавонистанд мавқеи ҷангиёни толибонро дар ин манотиқ танг кунанд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Мақомоти амнияти Афғонистон манотиқи Янгиқалъаи музофоти Тахорро аз тобеияти ҷунбиши ҳаракати толибон раҳо намуданд, хабар медиҳад сомонаи РИА - Новости бо такя ба маълумоти Вазорати мудофиаи Афғонистон.

Бар хабари манбаъ, аснои даргирии шадид миёни мақомоти амниятии Афғонистон ва ҷангиёни Толиб манотиқи Янгиқалъа, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст аз дасти ҷангиён раҳо карда шуд.

Дар Афғонистон гурӯҳи ҷангҷӯёни ДОИШ ва “Толибон” ба нируҳои ҳукуматӣ таслим шуданд

Ёдовар мешавем, ки манотиқи мазкурро ҷангиёни толиб се рӯз қабл забт намуда буданд, вале ба мақомоти амниятӣ даст омад, ки қабл аз ин сокинони маҳаллиро аз манотиқи даргир ба ҷойи амнтар интиқол бидиҳанд.

Толибон як минтақаи наздисарҳадии Афғонистонро ишғол намуданд

Ҳамин тариқ ҷангиёни Толиб натавонистанд то маркази музофот зада дароянд ва дар натиҷаи задухӯрд, амниятиҳои афғон 28 нафар аз ҷангиёни толибро бо шумули сарфармондеҳи онҳо маҳв карданд.

214
Барчаспҳо:
задухӯрд, Толибон, Афғонистон