Молодая узбекская мама с ребёнком, архивное фото

Узбакистон унвони Қаҳрамон - модарро эҳё карданист

88
(Таҷдидшуда 16:47 26.09.2019)
Узбакистон тасмим гирифтаст, унвони Қаҳрамон - модар, ки дар замони Шуравӣ ба модарони серфарзанд дода мешуд, аз сар эҳё кунад

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Палатаи болоии парлумони Узбакистон оид ба илм, маориф ва тандурустӣ аллакай ба созмонҳои марбута, аз қабили Кумитаи занон ва Мақомоти худидоравӣ супориш додаст, то масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Қобили зикр аст, ки замони Шуравӣ унвони "Қаҳрамон - модар" ба модароне, ки аз 10 ё бештар фарзанд таваллуд кардаанд ва ба воя расонидаанд, дода мешуд.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Узбакистон хостори таҳкими ҳамкорӣ шуданд

Ин унвонро аслан модароне соҳиб мешуданд, ки  кӯдаки охиринашон  ба синни 1- солагӣ мерасид ва фарзандони боқимондаи онҳо дар қайд ҳаёт мебуданд. 

Зимнан ба модароне,  ки соҳиби унвони Қаҳрамон- модар буданд, имтиёзҳои бештар дода мешуд.

Тартиби нави тӯйу ҷаноза дар Узбакистон: аз соат то теъдоди мошинҳою меҳмонҳо

Ба маълумоти расонаҳои дохилии Узбакистон, давоми солҳои 1994-1991 беш аз сад ҳазор модарони узбак унвони Қаҳрамон-модар доштанд.

88
Барчаспҳо:
модар, қаҳрамон, эҳё, унвон, Узбакистон