Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой

Собиқ роҳбари Хадамоти амният барои ришва ва суиистифода аз мансаб паси панҷара рафт

1204
Дар Узбакистон собиқ роҳбари Хадамоти амниятро дар ришваситонӣ ва суиистифода аз мансаб гунаҳкор дониста ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум намуданд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Додгоҳи ҳарбии Узбакистон имрӯз ҳукмашро алайҳи собик роҳбари Хадамоти давлатии амнияти ин кишвар эълон дошт, хабар медиҳад котиботи Додгоҳи олии Узбакистон.

Бар хабари манбаъ, додгоҳ собиқ сардори Хадамотидавлатии амниятиро дар содир намудани ҷиноят аз қабили гирифтани ришва ва суиистифода аз мақоми давлатияш гунаҳкор ҳисобид.

Собиқ Додситони кулл ба 10 сол зиндон маҳкум шуд

"Ихтиёр Абдуллоев айбдор дониста шуд ва ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум гардид", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Узбакистон гуфт, Тоҷикистон кафолат дод, ки “Ҷинҷак”-ро бозпас медиҳад

Тибқи қарори Додгоҳи Олӣ, Абдуллоев  бо суиистифода намудан аз ваколати давлатияш  дар ташкили ҷомеаи ҷиноӣ, гирифтани пора, бастани аҳдҳое, ки бар хилофи манфиатҳои Узбакистонанд, тамаъҷӯӣ, тасарруфи амволи ашхоси дигар як қатор қонуншиканиҳои дигар гунаҳкор дониста мешавад.

1204
Барчаспҳо:
ҳабс, КДАМ, роҳбар, собиқ, Узбакистон