Президент Афганистана Ашраф Гани

Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло раъйяшонро ба қуттиҳои интихоботӣ ворид карданд

669
(Таҷдидшуда 17:35 28.09.2019)
Алорағми мудохилаҳои шадиди ҷангиёни толибон дар Афғонистон, интихоботи раисҷумҳурӣ феълан ҷараён дорад ва президенти феъли Ашраф Ғанӣ ва сарвазири ҷумҳурӣ доктор Абдулло Абдулло низ ҳар кадамашон ба ҷонибдорӣ аз хеш, овоз доданд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ба иттилои хабаргузории Afghanistan.ru, раисҷумҳури ин кишвар Ашраф Ғанӣ ба яке аз марказҳои интихоботӣ воқеъ дар муассисаи таълимии "Аман" дар шаҳри Кобул ташриф оварда, ба қуттии овоздиҳӣ раъйи худро гузоштаст.

Ашраф Ғанӣ пас аз  анҷоми гузоштани раъйи худ, дар муроҷиат ба кулли мардуми Афғонистон, барои иштироки фаъолонаи онҳо дар маъракаи интихоботӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҳамзамон ба мақомоти амниятии кишвараш низ баҳри таъмин намудани бехатарии интихобкунандагон сипос гуфт.

Рақобати 17 номзад барои дарёфти курсии раисҷумҳурӣ дар Афғонистон ҷараён дорад

Зимнан, сарвазири Афғонистон доктор Абдулло Абдулло низ ба яке аз марказҳои интихоботӣ дар шаҳри Кобул ташриф оварда, аз иштироки фарогири шаҳрвандони афғон новобаста аз таҳдид ва ҳамалоти ҷангиёни толибон изҳори хушнудӣ намуд.

"Ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон амалкарди  ҷангиёни толибонро дар ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ маҳкум мекунам ва мегӯям, ки толибон бо чунин куштори бераҳмонаи занону кӯдакони бегуноҳ ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид", - илова намудаст доктор Абдулло.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҷангиёни Толибон таҳдид намуда буданд, ки бо дахолати худ маъракаи интихоботи раисҷумҳуриро дар Афғонистон лағв мекунанд.

Дуктур, ватандӯст ва ё тундгаро: раисҷумҳури нави Афғонистон кӣ мешавад

аммо бо вуҷуди таҳдидҳои ҷангиёни толиб дар Афғонистон маъракаи интихоботӣ ҷараён дорад ва комиссияи мустақили интихоботии ин кишвар наздики 9,6 миллион овоздиҳандагонро сабт ном карда буд.

669
Барчаспҳо:
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ, интихобот, Афғонистон