Парлумони Қирғизистон бар таҳқиқи даргириҳои марзӣ бо Тоҷикистон муҳри махфӣ зад

739
(Таҷдидшуда 14:44 29.09.2019)
Намояндагони Маҷлиси қонунгузории Қирғизистон мусаввабаи таҳқиқ дар бораи авомил ва натиҷаҳои даргириҳои ахири марзӣ бо Тоҷикистонро ғайриқобили интишор эълом карданд ва бар он муҳри махфӣ заданд

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Намояндагони парлумони Қирғизистон пас аз шунидани гузориши Жонс Раззоқов муовини нахуствазир ва масъули музокироти марзӣ бо Тоҷикистон дар бораи иллатҳо ва авомили даргирии ахир дар марзи муштараки ду кишвар интишори натиҷаҳои ин таҳқиқро мамнуъ кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday ба нақл аз сомонаи Аки-Пресс.

Дар айни ҳол намояндагони Маҷлиси қонунгузории Қирғизистон бар зарурати тасриъ дар раванди аломатгузории марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон таъкид карданд.

Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16 - уми сентябр рух дод. Дар паи тирпарронӣ се смарзбони тоҷик ҷон бохт.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Мақомти Қирғизистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

739
Барчаспҳо:
Парлумон, парлумон, таҳқиқ, марз, даргирӣ, Қирғизистон, Тоҷикистон