Президент России Владимир Путин, архивное фото

Қонуни нав: Путин гурӯҳе аз шаҳрвандони Русияро аз пардохти андоз озод кард

497
(Таҷдидшуда 13:53 30.09.2019)
Президенти Русия Владимир Путин қароре имзо кард, ки мувофиқи он чанд гурӯҳи шаҳрвандони Русия аз пардохти андоз озод мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин қонуне имзо кард, ки гурӯҳе аз шаҳрвандонро аз пардохти андоз аз даромад озод мекунад.

Қарори мазкур дар вебгоҳи маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Ҳамин тавр, шаҳрвандоне, ки аз офатҳои табиӣ ё дигар навъи ҳодисаҳои фавқуллода зарар дидаанд, аз пардохти андоз аз даромад, озод карда мешаванд. Дар баробари ин аъзоёни хонаводаи ин гурӯҳи шаҳрвандон низ аз пардохти андоз озод хоҳанд шуд.

Путин вуруди хориҷиёнро ба Русия осон кард

Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ба қурбониёни офатҳои табиӣ ба таври иҷора манзил медиҳанд ва маблағи он аз ҷониби ҳукумати кишвар пардохт мешавад, низ дигар андоз нахоҳанд супорид.

Коршинос гуфт кадом муҳоҷирони тоҷикро дар Русия метавонанд авф кунанд

Донишҷӯён ва аспирантҳо низ зимни гирифтани кӯмакпулӣ аз ҷониби донишгоҳ, аз пардохти андоз озод карда мешаванд.

Путин қонуни нав имзо кард, ки гирифтани шаҳрвандиро осон мекунад

Қонун аз замони нашри расмӣ, мавридии амал қарор мегирад.

497
Барчаспҳо:
боҷ, шаҳрвандон, қонун, Русия