Боевики движения Талибан, архивное фото

Эълони “Толибон” аз тасарруфи ду шаҳристон дар вилояти Тахор

193
(Таҷдидшуда 11:23 01.10.2019)
Ҷунбиши “Толибон” аз тасарруфи шаҳристонҳои Баҳорак ва Хоҷағор дар вилояти Тахори Афғонистон эълон карданд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ҷунбиши “Толибон” (мамнӯъ дар Русия) эълом кард, дар пайи суқути ин ду шаҳристон 32 сарбози  давлатӣ кушта ва 24 тани дигар захмӣ шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Шаҳристони Баҳорак барои дувумин бор даст бадаст мешавад ва нируҳои давлатӣ рӯзи шанбеи гузашта муваффақ шуда буданд, маркази Баҳоракро аз тасарруфи Толибон озод кунанд, аммо якшанбе бори дигар бадасти Толибон суқут кард.

Вазорати умури дохилаи Афғонистон ба таҳдидҳои гурӯҳи Толибон вокуниш нишон дод

Ҳамчунин гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки дар ҳамалоти ҳавоии шаби гузашта дар вилояти Тахор 30 тан аз нируҳои мардумӣ, ки алайҳи “Толибон” меҷангиданд кушта шудаанд.

Ҷавод Ҳиҷрӣ, сухангӯи устондори Тахор ин ҳамларо таъйид кард, аммо ба ҳавопаймоҳои муҳоҷим, ки марбут ба артиши Афғонистон ё низомиёни хориҷӣ аст, ишорае накард.

193
Барчаспҳо:
волии Тахор, тасарруф, Шаҳристон, ҷунбиши Толибон, "Толибон", Афғонистон