Пограничная с Афганистаном река Пяндж, архивное фото

Даргирӣ дар наздикии марзи Узбакистон: даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд

3675
(Таҷдидшуда 14:21 02.10.2019)
Ҳодиса шаби 1 - уми октябр дар минтақаи Шортепаи Афғонистон, дар наздикии марз бо Узбакистон рух додааст. Мақомоти маҳаллии Афғонистон гузориш доданд, ки бар асари даргирӣ наздики 11 нафар ҷангиёни Толибон кушта ва захмӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҷангиёни ҳаракати Толибон азм доштанд, дар манотиқи наздисарҳадии Узбакистон, идораи пулисро забт намоянд, ки дар натиҷа миёни ду  ҷониб тирпарронӣ сурат гирифт, хабар медиҳад сомонаи TOLO news.

Бар хабари манбаъ, аснои даргирии шадид миёни кормандони амнияти Афғонистон ва ҷангиёни толиб дасти кам 11 нафар аз ҷангҷӯён кушта шуданд.

Вокуниши “Толибон” ба баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон

Зимнан намояндагони Толибон низ хабари даргириро тасдиқ намуданд ва изҳор доштанд, ки аз тири онҳо даҳҳо низомӣ кушта шуд.

Ба иттилои котиботи пулиси Афғонистон, феълан ба маҳаллӣ даргирӣ қувваҳои иловагӣ интиқол дода шуд ва вазъият комилан таҳти назорати мақомоти қудратӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар манотиқи наздмарзӣ бо Тоҷикистон низ задухӯрди ҷангиёни ҳаракати мамнӯи Толибон бо мақомоти амнияти Афғонистон рух дода буд.

Сидоров: пурзӯршавии Толибон дар шимоли Афғонистон ба кишварҳои узви СПАД хатар дорад

Толибон ҳатто чандин музофотро ишғол намудан, вале ба низомиёни афғон муяссар гардид, то чанде аз маконҳои таҳти тасарруфи толибонро бозпас бигиранд.

3675
Барчаспҳо:
Толибон, даргирӣ, сарҳад, Узбакистон
Молодожены держатся за руки

Маросими арӯсӣ: танҳо дар хона ё ҳавлӣ ва бо ҳузури 30 меҳмон баргузор шавад

1678
Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мавриди баргузории маросими издивоҷ қарори навбатӣ қабул кард

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон ҳамакнун қарантин, ки дар робита ба авҷи маризии коронавирус эълон гардида буд, сабуктар мешавад. Сабук гардидани маҳдудиятҳо аз 15 - уми август шурӯъ мешаванд.

Гуфта мешавад, бо сабук шудани маҳдудиятҳо, фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, кори боғча, лагерҳои кӯдакона, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳамчунин пляжҳо аз сар гирифта мешавад.

Зимнан, бо қарори Мирзиёев ба баргузории маросими издивоҷ низ тағйироти нав шомил шуд.

Ҳамакнун, маросими арӯсӣ дар ин кишвар на дар тарабхона, балки дар хонаи издивоҷкунандаҳо ва ё дар ҳавлии онҳо баргузор мешавад.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Инчунин, теъдоди меҳмонон низ набояд аз 30 нафар бештар бошад.

Қаблан, гузоришҳо дар мавриди мубтало шудани теъдоди зиёди одамон, ки дар маросими арӯсӣ дар Ӯзбекистон иштирок карданд, нашр гардида буд.

Ҳатто дар як маросими хонадоршавӣ, наварӯс пас аз маросими издивоҷ гирифтори коронавирус шуд.

Дар Тоҷикистон низ айнан чунин тартибот дар маросими хонадоршавӣ ҷорист. Агар қаблан баргузор кардани тӯй бо ҳузури 100 нафар иҷозат дода шуд, баъдан теъдоди меҳмононро то 40 нафар коҳиш доданд.

1678
Самолет на закате, архивное фото

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

590
(Таҷдидшуда 20:02 12.08.2020)
Қазоқистон дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо шаш кишвари ҷаҳон аз 17 август эълон кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Парвозҳои байналмилалии Қазоқистон аз 17 август ботадриҷ барқарор карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи авиатсияи шаҳрвандӣ.

Рӯйхати мамлакатҳое, ки шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд ба онҳо парвоз кунанд, зиёд нест - танҳо ҳафт кишвар: Русия, АМА, Белорус, Олмон, Недерланд, Миср ва Украина.

Сафорат дар бораи парвозҳои мунтазам миёни Русияву Тоҷикистон

"Вазорати тандурустӣ ҳамроҳ бо ҳукуматҳои авиатсионии кишварҳои дар боло зикршуда масъала барқарор кардани парвозҳои мунтазам пешакӣ баррасӣ кард", - омадааст дар хабарнома.

Парвозҳо мувофиқи созишномаи байналмиаллӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон чизе гуфта нушадааст.

590
Барчаспҳо:
парвозҳои мустақим, барқароршавӣ, барқарорӣ, Қазоқистон, Русия
Тотальный диктант в Душанбе

Хобгоҳҳо каму иҷорахонаҳо қимат: шикваи донишҷӯёни тоҷик аз гаронии нарх

66
То оғози таҳсил дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳои Тоҷикистон, камтар аз 4 рӯзи дигар боқӣ мондааст, аммо мушкили камбуди хобгоҳ ва гароншавии арзиши хонаҳои иҷоравӣ бисёре аз донишҷӯёнро ба тавшвиш овардааст

ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик мегуянд, ба фарқ аз соли гузашта дарёфти хонаҳои иҷроравӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд душвортар шудааст.

Иқбол Раҳимов шуморе аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе мегуяд, қимати хонаҳои иҷоравӣ аз ҳар вақт дида ҳоло баланд шудааст.

"Ба 1000 сомонӣ ҳам ёфтани хонаи иҷоравӣ дар шаҳри Душанбе қариб ки номумкин шудааст. Соли гузашта мо бо ин қиммат хона иҷора гирифта будем, аммо имсол соҳибхона бо ин нарх хонаро ба иҷора намедиҳад", - гуфт Раҳимов.

Донишҷӯёни Хуҷанд низ аз мушкили дарёфти хонаҳои иҷоравӣ таъкид меварзанд.

Санҷар Шаропов, аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки баъди хатми таҳсили Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд азм дорад, имсол барои гирифтани маълумотии олии тахассусаш ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил намояд, аммо гарон шудани қиммати хонаҳои иҷоравӣ ӯро дар ташвиш гузоштааст.

"Дар соли қаблӣ мо 4 нафар донишҷӯён бар ивази 600 сомонӣ дар як хонаи як ҳуҷрагӣ иқомат мекардем. Ҳоло бо ин нарх пайдо кардани хонаи иҷоравӣ душвор аст. Нархи хонаҳо то ба 800 -1000 сомонӣ баланд шудааст", - гуфт донишҷӯ.

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд, чаҳор муассисаи таҳсилоти олӣ аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехкиникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ фаъолият мекунанд ва дар онҳо бештар аз 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад.

Бемории 7 донишҷӯи тоҷик бо таби баланд дар Вуҳан маълум шуд: шарҳи сафорат

Аммо ин донишгоҳҳо дар мувозинати худ ҳамагӣ як ва ё дутоӣ хобгоҳ барои донишҷӯён доранд. Дар ин миён танҳо ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мувозинаи худ чаҳор хобгоҳ дорад, ки дар онҳо кам ё беш аз 2500 ҳазор донишҷӯ, умдатан онҳое, ки тибқи Квотаи президентӣ дохил шудаанд таъмин мешаванд, аммо беш аз 20 ҳазор донишҷӯи дигари ин донишгоҳ аз ҳисоби худ хонаи иҷорави мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир донишгоҳҳои кишвар имкони бо хобгоҳ таъмин кардани шумори қобили мулоҳизаи донишҷӯёнро надоранд ва дарёфти хонаҳои иҷоравӣ барои донишҷӯён мушкили аслӣ боқӣ мемонад.

66