Бывший президент Кыргызстна Алмазбек Атамбаев со своей супругой Раисой Атамбаевой, архивное фото

Ду акси Раиса Отамбоева баҳси гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт

1083
(Таҷдидшуда 15:19 05.10.2019)
Қаблан ҳамсари собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Раиса Отамбоева изҳор намуда буд, ки тамоми дороӣ ва суратҳисобҳои бонкии хонаводааш дар ҳабс қарор доранд ва алайҳи ӯ бошад парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Роҳ ёфтани акси ҳамсари собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аснои интизор шудани нақлиёти ҷамъиятӣ дар истгоҳи роҳи мошингузар, баҳси гармеро ба бор овардаст.

Писарамро заданд, нисбати ман парванда кушоданд: шикояти ҳамсари Отамбоев аз мақомот

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ду акси Раиса Отамбоеваро, ки дар акси нахуст ӯ дар истгоҳ интизори нақлиёт буд ва дар акси баъдӣ аллакай савори автобуси мусофирбар аст, ба риштаи баҳси пурҷӯш кашиданд.

Зимнан ба баҳси гарми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мушовири Алмосбек Отамбоев ҳамроҳ шуда, ин вазъро шарҳ дод.

Кундуз Жолдубоев изҳор намудааст, ки Раиса Отамбоева ҳамоно дар Академияи давлатии тиббии Қирғизистон ба донишомӯзон таълим медиҳад. 

"Барои Раиса Отмабоева истифода намудан аз нақлиёти ҷамъиятӣ чизи ғайричашмдошт нест ва аз ин кор ӯ  ор ҳам намекунед, зеро Раиса  бисёр зани хоксор аст", - афзудааст мушовири Атамбоев.

Маврид ба зикр аст, ки собиқраисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев сар аз 7 - ум августи соли равон дар боздоштгоҳи КДАМ Қирғизистон қарор дорад ва қонунгузории ин кишвар алайҳи ӯ беш аз 10 парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

1083
Барчаспҳо:
нақлиёти ҷамъиятӣ, Алмосбек Отамбоев, ҳамсар, Қирғизистон