Уровень бедности в Афганистане составляет в среднем 35,8%

Давоми чаҳор соли гузашта дар Афғонистон, беш аз 12 ҳазор кӯдак кушта ва захмӣ шудааст

32
(Таҷдидшуда 19:35 05.10.2019)
Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, дар пайи ҷанг ва ноамниҳои чаҳор соли гузашта дар Афғонистон, беш аз 12 ҳазор кӯдаки афғон кушта ва захмӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар гузорише эълом кард, тайи чаҳор соли гузашта бар асари ҷангу даргирӣ дар Афғонистон, ҳудуди 3 ҳазору 500 кӯдаки афғон кушта ва беш аз 9 ҳазор кӯдаки дигар низ захмӣ шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Тавре хабаргузорӣ иттилоъ додаааст, Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал низ бо ишора ба ин гузориши “сатҳи ҳушдордиҳанда”, хушунат дар баробари кӯдакон дар Афғонистонро маҳкум кард.

Дафтари Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Афғонистон ҳам эълом кард, ду миллион кӯдаки ин кишвар амнияти ғизоӣ надоранд ва аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд.

Бекорӣ, ноамнӣ, инфиҷорҳо ва ҳамалоти террористии ношӣ аз ҳузури гурӯҳи Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ ва низомиёни амрикоӣ аз муҳимтарин авомили ташдиди мушкилоти амниятӣ ва мутаассир дар норасоии ғизоии кӯдакон дар Афғонистон эълом шудааст.

32
Барчаспҳо:
СММ, захмӣ, кушта, маргумир, кӯдак, Афғонистон