Ҳабиб гуфт, кай дар Узбакистон муҳорибаҳои UFC баргузор мешавад

Обуна шудан
Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргузории муҳорибаҳои UFC дар Узбакистон гуфт

ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ҳошияи форуми Synergy Global Forum гуфт, ки нахустин муҳоибаҳои UFC дар Узбакистон, солҳои 2020-2021 баргузор хоҳад шуд.

 

Ба гуфти Нурмуҳаммадов дар ин сабқат рақобати ҳафи размикори узбакистонӣ ва шаш варзишкори урупоӣ дар назар аст.

Ҳабиб ҳамчунин гуфт, ки дар Узбакистон аз ин баъд намудҳои муҳорибаҳои ММА бештар ривоҷу равнақ хоҳад кард.

Ӯ аз ифтитоҳи мактаби варзишии худ дар Узбакистон, хабар дод.

"Ман дар Узбакистон дӯстон ва ҳаводорони зиёд дорам. Дар куҷои ҷаҳон кӣ набошам, узбекҳо омада ба ман комёбӣ таманно мекунанд", - илова кард Нурмуҳаммадов.

Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором - Sputnik Тоҷикистон
Ба ҳамсараш дар кӯдакӣ ошиқ шуд - 8 далел аз ҳаёти Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ёдрас мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ рӯзи 8 сентябр дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.

Назан, дар замин хобону шикан: Нурмуҳаммадов гуфт, модараш ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳад

Дар мусоҳиба бо Шабакаи аввали Русия варзишкор гуфт, 80 дарсад бовар дорад, ки рақобати навбатӣ дар Русия баргузор мешавад.

Аз тилло гаронтар : "футболка" - и рақобати Ҳабиб ва Пуареро 100 ҳазор доллар фурӯхтанд

Бояд гуфт, Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар фаъолияти варзишиаш 28 бор ба майдон баромада ва пирӯз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0